Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Диёнат аст.
Имон аст. Боварӣ ва ихлоси маънавию рўҳонӣ аст». Воқеан ин фикр арзандаи таамуқ ва андеша буда, тавзеҳ ва таҳлили ҳадафҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат ба хотири манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ метавонад дар дарку эҳсоси матлабҳои асосӣ замина эҷод кунад. Яъне, замоне фаро расидааст, ки дар мавриди масоили геополитикӣ ва иртиботи он бо воқеаҳои мудҳиши дар гўшаву канори олам рух додаистода бештар гўем ва ҷомеаро огоҳ созем. Дар мақола омадааст: “Бояд донист, ки ҳар давлат системаи ягонаи таъмини амнияти миллии худро дорад.
Ин система аз қисматҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, маданӣ, идеологӣ, динӣ, мазҳабӣ, маъмурӣ иборат аст. Тибқи қонун онҳо қотеона ҳифз ва идора карда мешаванд. Ашхосе, ки дар роҳи хиёнат ба манфиатҳои миллии хеш ворид мегарданд, аз системаи таъмини амнияти миллии Ватани худ берун гашта, дар системаи таъмини амнияти миллии давлати бегона ворид мегарданд ва фаъолият мекунанд.” Ин масъала низ муҳим буда, тавзеҳи ин ҳақиқат дар солимгардонии ҷомеа ва масъулиятшиносии узви он таконе хоҳад буд.
Дар мақола оид ба илм, адабиёт ва амният сухан карда, муаллиф дар меҳвари андешааш мақоми адабиёт ва ҳунарро дар тарбияи ватанпарварӣ ва садоқат ба диёр ва мардуми он қарор додааст. Аз ҷумла, адабиётро муҳимтарин ҷузъи системаи амнияти миллӣ дониста, тахсири каломи бадеъ, осори адабиро дар тарбияи ахлоқӣ, давлатофаринӣ ва миллатсозии замони навин муҳим мешуморад. Воқеан, бахти мо тоҷикон аст, ки адабиёти ғаниву рангине дорем, ки камтар миллати дигарро он насиб кардааст. Осори адибони классикии мо аз Рўдакӣ сар карда, то Садриддин Айнӣ куллан тарғибгари гуманизм ва сулҳу дўстӣ, танқиди хурофот ва хислатҳои бади инсонист. Маҳз адабиёт ва осори адабӣ беҳтарин воситаи тарғиб ва тарбияи инсони ватандўст аст.

пешина
аз 601
навбатӣ