ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар ин ҷода метавон оид ба таъсири фарҳанг аз ҷумла театру кино, чорабиниҳои бузурги фараҳангӣ, ки аз адабиёт сарчашма мегирад, таваққуф намуд.
Ҳамин тариқ дар мақолаи “Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ” муаллиф як бори дигар ба масъалаҳое рўй овардааст, ки дарку маърифати он барои ҳар як сокини кишвар зарур аст, зеро масъалаи ҳифзи амнияти ватану миллат аз масоили меҳварӣ маҳсуб ёфта, дар истеҳкоми осоиштагӣ қадаме гузоштан вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Дар ин маврид мақоми аҳли зиё онҳое, ки бо илму адаб сарукор доранд муассир буда, фаҳмишу дарки вазъи ҳаёти сиёсии кишвар ва ҷаҳон бо назардошти донишҳои илмӣ ва тавзеҳи он барои дигарон барои расидан ба асли матлаб, ки ҳимояи амнияту осоиштагии ватан мебошад, арзишманд аст. Инак:
- Танҳо омўзиши амиқи вазъият аз назари илмӣ бо назардошти таърихи дури мавҷудияти давлат ва амнияти он, муқоисаву муқобилаи вазъи имрўз бо ҳодисаҳои таърихӣ ва баровардани хулосаҳои дурусти илмӣ метавонад имконияти густурдаро дар ҳимояи ду мафҳуми муқаддас Ватан ва Амният фароҳам оварад.
- Муколамаҳо ва баҳсҳои воқеии назариявӣ оид ба вазъи нохушоянди ҷаҳони имрўз, ки ҷавҳари онро на идеологияи ватандорӣ, балки ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои абарқудрат ташкил менамояд, муҳим буда, махсусан, ҷавонон бояд аз асли рўйдодҳои ҷаҳонӣ огоҳ бошанд.
- Эътибор додан ба масъалаи рушди адабиёт ва фарҳанг ва тавассути он тарбия намудани ҷомеа махсусан ҷавонон дар роҳи ватандориву миллатдўстӣ, масъулият дар назди хонадон, падару модар ва кишвар зарур аст. Дар ин ҷода имкониятҳои фаровоне мавҷуд аст, ки он ба ҳиммати олимон, устодони донишгоҳҳо, адибон, санъаткорон умуман зиёиён марбут мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор