ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Муаллиф андешаҳои худро дар заминаи донишҳои илмӣ ва таҷрибаҳои таърихӣ оид ба субъекти таърихӣ, яъне, таъсири шахс дар таърихи ҷомеа ва тамаддуни олам баён месозад. Масъалаи мазкурро муаллиф дар доираи манфиатҳои амнияти миллӣ баррасӣ менамояд ва мақоми шахсро ҳамчун субъекти сиёсӣ бо мисолҳои раднопазир баён месозад.
Нахустин масъалае, ки пешорўи хонанда матраҳ мегардад аз сиёсат берун набудани фард ё шахсест, ки дар ҷомеа зиндагӣ дораду бо қонунҳои амаликунанда умр ба сар мебарад. Ё ба қавли суханваре ҳар инсоне, ки соҳиби ақлу тамиз аст ва эҳсосу дарки ҳастӣ мекунад ҳамрадифи сиёсат мебошад. Муаллиф дуруст интисоб аз осори Арасту мекунад, ки дар такя ба андешаи Ҳомер инсонро табиатан мавҷуди сиёсӣ меҳисобад ва онеро, ки мехоҳад берун аз давлат ва қонуҳои он умр ба сар барад фарди носолим меҳисобад. Воқеан такя ба андешаи Арасту махсусан китоби ў “Сиёсат” андешаҳои қалбии Саймумин Ятимовро оид ба маърифати дурусти ҳаёт дар заминаи донишҳои илмӣ собит мекунад. Зеро назарияи давлат ва давлатдорӣ, таъмини амнияти он таърихи қадима дорад ва қонумандии онро на гузашти замон, на усули давлатдорӣ, на сиёсати марбут ба табодули замон тағйир дода наметавонад. Зеро назарияи илмӣ натиҷаи таҷрибаи асрҳо ва мафҳуми коркардшуда мебошад. Ва чуноне, ки дар мақола зикр мешавад «аввалин эҳсос ва кўшишҳои зарурати сохтани давлат, оғоз аз дунёи қадим, фардро сиёсӣ мегардонад. Сиёсат – иштирок дар корҳои давлатӣ, муайянкунии мақсад, функсия ва вазифаҳои давлатиро дар назар дорад. «Ниҳоят, муаллиф ба натиҷаи дурусти илмӣ мерасад, ки «тамоми даъвоҳое, ки фард, шахс, шаҳрванд метавонад берун аз сиёсат бошад, на танҳо имрўз, балки дар тамоми давру замон асоси воқеӣ надошт».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор