ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Баъдан муаллиф дар бораи субъекти ҳуқуқӣ ва субъекти
сиёсӣ андешаҳояшро ривоҷ мебахшад ва ин дуро ба ҳамдигар наздик ва ба ҳамдигар вобаста мешуморад. Ин ҷо зарурати ворид шудани ҷомеаро ба ҳаёти конститутсионӣ ҳодисаи воқеии таърихӣ ва натиҷаи рушди шахс, ҷомеа ва аз
як давра ба давраи дигари таърихӣ ҳаракат кардани инсон
меҳисобад. Ин бахши мақола як руҷўъи илмии муаллиф аст,
ки ба хонанда бо шарҳи як силсила мафҳумҳо ишора менамояд, ки дар ҷомеа зиста мо наметавонем аз қонунҳои он
берун бошем ва донистани моҳияти таърихии сохтори давлат ва ҷомеа ба мо имкон медиҳад бо дарки маънии ҳаёт ва
масъулияти дар он зистан ва рисолатеро адо кардан зиндагии худро ба таври шоиста ба роҳ монем. Дар бахши дигари
мақола, ки “Роҳнамои сиёсӣ ҳамчун субъекти сиёсӣ” унвон
дорад, нахуст муаллиф бар он ишора менамояд, ки мафҳуми давлат ва миллат тавъам ҳастанд ва манфиати онҳо ягона аст. Агар ба ин нуқтаи назар тариқи соддатар назар намоем, маънии онро дорад, ки дўст доштани миллат ин дўст
доштани давлат аст ё баракс. Муаллиф дуруст қайд мекунад, ки “давлат, ҳамчун муассисаи пешбарандаи ҷамъият
ва масъултарин субъекти мавҷудияти арзандаи аъзои он,
мураккабтарин, муҳимтарин ва бузургтарин кашфиёти Инсон аст”. Яъне, агар давлат кашфиёти инсон бошад, пас он
ба манфиати инсон бунёд шудааст ва давоми чанд ҳазорсолааст, ки инсоният тобеи сохтори давлат зиндагӣ ва умр ба
сар мебарад. Аз ҷониби дигар инсоне, ки ин давлатро сохт
худ онро идора менамояд. Инсон ё худ субъекти сиёсӣ, ки
дар ағлаби мавридҳо ҳамчун шахсият ёд мешавад тавассути
ақлу заковат, кордониву ҷаҳоншиносӣ, мукомалаву мубодала ва дигар усулҳои сиёсӣ, ки давлат ё худ миллатро” дар
баҳри пурталотуми ҳаёти сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, таҳдидҳои ҳарбӣ, ҳуҷумҳои фарҳангии бегонагон ба
соҳили мурод мебарад”. Дар ҳамаи давру замонҳо шахсият ҳамчун субъекти сиёсӣ дар таҳкими пояи давлат ва миллат нақши бориз дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор