ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Махсусан чуноне, ки Ятимов Саймумин зикр мекунад агар ин шахсият ташабускор, оқилу доно, ташкилотчӣ, соҳибназар ва амалкунанда бошад айни матлаб хоҳад буд. Ба иборати дигар азбаски инсон таърихро меофарад, аз ин рў, фаъолияти ў низ нисбати таърих арзиши баландро дорост. Муаллифи мақола шахс ё худ роҳбарро ҳамчун субъекти сиёсӣ аз назари давлатшиносӣ муҳимтарин объекти омўзиши илмӣ маҳсуб медонад. Ба вуҷуд омадани мафҳуми роҳбари сиёсӣ, лидери сиёсиро аз таърихи паҷҳазорсола ҷустуҷў мекунад ва онро тақозои муҳими ҳаётӣ дар бунёд ва инкишофи давлату миллат мешуморад.
Воқеан раҳбар ё лидери сиёсиро ҷомеа ба майдон меорад.
Барои рисолати роҳбариро ба дўш гирифтан чеҳраҳои гуногуни сиёсӣ рўи саҳнаи сиёсат ворид мешаванд, вале танҳо ҷомеа онеро қобили қабул медонад, ки оқилу хирадманд, сиёсатмадору дурандеш, ватандўсту миллатпарвар бошад.
Воқеан нависандаи маъруфи рус муаллифи китобҳои
«Субъективизм ва идеализм дар фалсафаи ҷамъиятӣ» ва
«Озодии фалсафа» Николай Бердяев менависад, ки «гоҳо як шахс метавонад бо ҷасорат ва амалаш руҳия ва иродаи як халқро ифода намояд, ки онро наметавонад анбўҳи одамони зиёд инъикос намояд. Моҳият ва арзиши инсонҳои бузург ва шахсиятҳои пешбари ҷомеа аз ҳамин асос мегирад».
Ё худ нависандаи рус Аркадий Давидович зикр мекунад, ки «Таърихро шахсият вақте меофарад, агар оммаи мардум ўро дастгирӣ намояд». Воқеан, ин гуфтаҳо андешаҳои илмӣ ва аз назари таъриху таҷриба собитшуда маҳсуб мешавад. Ва агар ба масъалаи дастгирии омма ё худ мардум руҷўъ намоем мусаллам аст, ки ин замоне сурат мегирад, ки шахсияти пешбар ифодагари воқеии ормонҳои мардум бошад. Ва бемуҳобо дар таърихи навини Тоҷикистон шахсияти беназири Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ҳама дар ба ҳам овардани мардуми кишвар ва манфиати мардумро муқаддам шуморидан мавриди эҳтирому боварии мардум қарор гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор