ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Воқеан, ба сарҷамъ овардани мардуми ба ҳам муқобили ду сангар, ду ақидаи ба ҳам мухолиф, ду назарияи фаҳмиши гуногуни ҳодисаҳои ҷамъиятӣ танҳо касе муваффақ шуда метавонист, ки дорои хусусияти фавқуллода, ҷасорати бузург, ҳиммати баланд ва соҳибтафаккуру соҳибназар бошад. Муаллифи мақола бо руҷўъ ба асарҳои олимон ва донишмандони асрҳои гуногуни олам, аз ҷумла, Афлотун, Т.Карлейл, Ф.Нитше, Абўалӣ Сино, Гегел ва дигарон масъалаи шахс ва роли шахсият дар таърихро мавриди баррасӣ қарор дода, бо назардошти назари илмии онҳо фикру андешаи худро низ баён кардааст.
Аз ҷумла муаллиф мегўяд, ки “Афлотун раҳбарро ҳамчун шахсияте ба қалам додааст, ки аз азал илму хирадро парастиш мекунад, ба мардум рўзгори нек меорад. Созанда ва таҷассумгари ҳақиқии таърихи миллати хеш мебошад.” Такя ба ин андеша вақте ба ҷаҳонбиниву назар ва фаъолияти Пешвои миллат нигоҳ мекунем муҳимтарин сифати Сарвари давлат парастиши илму хирад аст. Чунончи омўзиши ағлаби суханрониҳо, маърўзаҳои Пешвои миллат нахуст дар заминаи ақлу заковати баланд, дониши фарох ва ҷаҳонбинии васеъ сурат мегирад, сониян ҳамин сифатҳоро тарғиб намуда, талқин мекунад, ки зиндагии шоистаи инсоният танҳо аз илм ва хирад муяссар мегардад. Аз ҷониби дигар, ибрат пазирии Пешвои миллат аз бузургони олам, аз ҷумла подшоҳону амирони номвар, файласуфону донишмандони маъруф, адибону фарҳехтагони эътирофшудаи ҷаҳон ифодагари шахсияти беназир ва беҳамто будани эшон аст. Аз ҷумла, агар бо тааамуқ ба китоби Пешвои миллат “Чеҳраи мондагор” – китоби зиндагинома ва корномаи симоҳои барҷастаи миллат, таърихномаи корнамоиҳо ва сарфарозиҳои халқи тоҷик, баёнгари фарҳанг ва тамаддуни таърихи беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон мебошад, назар намоем эҳсос менамоем, ки он маҳсули омўзиш, мушоҳидаҳо ва хулосаҳои саҳеҳи илмии Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърих, тамаддун, нақши шахсиятҳо дар таърих ва роҳҳои бардошти сабақи таърихӣ аз он мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор