ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар мавриди муаррифии 25 нафар чеҳраи мондагори таърих, чун Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Муҳаммад(с), Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ ва дигарон, ки ҳаряке ҳамчун шахсият ба раванди таърих таъсири худро гузоштаанд, дар баробари инъикоси амалҳои онҳо оид ба муҳимтарин хусусиятҳои шахсии эшон ибрози назар менамоянд. Ҳини омўзиши ҳамаҷонибаи фаъолияти Пешвои миллат, пай бурдан осон аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дорои кулли сифатҳои ин чеҳраҳои мондагори таърих аз қабили ҷасуриву далерӣ, дурандешӣ, адолатхоҳӣ, ватанпарварӣ, миллатдўстӣ ва монанди инҳо мебошанд. Ин аст, ки:
Бузургонро бузургон зинда медоранд, Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.
Ба иборати дигар, миёни шахсиятҳои таърихӣ аз лиҳозӣ хусусиятҳои фардӣ умумиятеро пайдо кардан мумкин аст, ки он хоси дигарон нест. Масъалаи дигаре, ки ин ҷо ҷолиби таваҷҷўҳ аст ва муаллифи мақола бар он такя дорад, ки зиндагии шоистаи мардум маҳз ба туфайли мавҷудияти чунин қувваи сафарбаркунандаи муассир ба даст меояд. Яъне, шахсият аз ҷониби мардум замоне пазируфта ва баргузида мешавад, ки ҳадафи ў манфиати мардум аст ва ба ниёзи мардум мувофиқ аст. Аз ин рў, мардум ҳам ба чунин роҳбар ва роҳнамо ниёз хоҳад дошт. Дар мақола дар радифи кулли сифатҳои роҳбар масъалаи содиқ будан ба қавлу амал барои миллату ҷомеа дар мадди аввали назар меистад. Яъне, маҳз ҳамин сифат ба чеҳраи таърихии шахсият ранги ҷовидонии масъулиятшиносӣ дар назди марудмонаш ато мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор