Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ин чашмандоз Пешвои миллат борҳо собит кардаанд, ки соҳиби қавл ва амали хеш ҳастанд. Ниҳоят ин ҳама сифатҳо дар маҷмўъ эътимод ва эҳтиром мардумро ба шахсияти таърихӣ меафзояд, ки дар мисоли муҳаббати мардуми тоҷик ба Пешвои миллат инро эҳсос кардан душвор нест. Ба иборати Гегел «Фақат тавассути амалӣ кардани мақсадҳои бузург, инсон дар худ сифати шахсияти бузургро ошкор месозад. Ва маҳз ҳамин хислат ўро барои дигарон машъал менамояд».
Муҳимтарин пешниҳоди С.Ятимов дар мақола ин аз фурсати таърихӣ дастҷамъона истифода кардани имрўзиён аст. Зеро шахсияти бузурги таърихӣ дастоварди бузурги миллат аст ва он дар садсолаҳо боре насиби таърих мегардад. Ин маънии онро дорад, ки мо мардуми хушбахт ҳастем, ки дар замони зиндагии мо шахсияте рўи кор омад, ки номи асри мо, даврони рўзгори мо, набзи зиндагии моро ба таърихи фардо насб мекунад ва ин давраро сарчашмаи дастоварҳои асри сонӣ хоҳанд хонд. Дар идома муаллифи мақола ба таснифи субъектҳои сиёсӣ мегузарад, ки ниҳоят ҷолиб ва илмист. Нахуст, дар бораи конститутсия ва давлатдорӣ ҳарф мезанад ва дуруст қайд менамояд, ки “барои пурра амалӣ гаштани идеяҳои конститутсионӣ зарур аст, ки чанд насл заҳматҳои ҷонкоҳона кашад.” Яъне, амалӣ шудани афкору ақидаи конститусионӣ як протсес ё раванди тўлониест, ки он ба инкишофи ҷомеа, ҷаҳонбинӣ ва дониши аҳли ҷомеа, шинохтани ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандӣ марбут мебошад. Сипас, муаллифи мақола субъектҳои сиёсиро ба се гурўҳ тасниф менамояд, ва тавзеҳи илмии худро ироа месозад. Воқеан, дар вазъияти кунунӣ, дар кишвари мо таъсир пазирии ин се субъект эҳсос мешавад. Таҳлили муаллиф дар мавриди нуқтаи назар, ҳадаф, мақому манзалат ва мавқеи ин се субъект олимона дар заминаи назарияи донишмандон ва таҷриба рўи кор омадааст. Муҳимтарин хусусияти субъекти аввал, ки ҷавҳари онро муҳаббат ба Ватан ва мардум ташкил мекунад, дар ҳамаи маворид миллат ва давлатро такягоҳи асосии худ шуморидан мебошад.

пешина
аз 601
навбатӣ