ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Маҳз ҳамин хусусият онро аз гурўҳҳои дигар тарҷеҳ медиҳад. Мусаллам аст, ки ин субъект давлату ҳукумати имрўза аст, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат меистад.
Мавҷудият ва ҳадафи субъекти дуввум бо вуҷуди дарку маърифати вазифа ва функсияи худ ба хотири зиндагӣ ва умр гузаронидан амал мекунад. Мусаллам аст, ки ин субъект чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар амал мекунанд ва аз онҳо ба пешрафт ва рушди кишвар суде нест.
Вале субъекти севвум хавфноктарин ва пурзарартарин аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз чизе рўй наметобад. Ин субъект низ ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи давлат амал мекунад. Пайдост, ки инҷо сухан дар бораи кадом қувваҳо меравад. Ин ҷо қайд кардан муҳим аст, ки донистани ҳадаф ва рисолати ин қувваҳо ва муносибати мардум ба онҳо имкон фароҳам меорад, на танҳо дар бораи вазъи сиёсӣ маълумот пайдо кунем, балки аз тақдири фардои кишвар огоҳ гардем. Дуруст аст, ки дар кулли давлат ва давлатдории ҷаҳон ин се субъект амал менамояд ва мавқеи онҳо аз муносибати шаҳрвандон ба фаъолияташон иртибот дорад.
Яке аз масоили ҷиддие, ки муаллиф дар бахши дигари мақолааш “Маданияти сиёсӣ ва субъекти сиёсӣ” матраҳ менамояд дар такя ба андешаи Гегел дар чаҳорчўбаи давлат рушд кардани инсони маънавигаро ва хирадманд мебошад. Аз ҷониби дигар эҳсоси масъулиятшиносӣ доштан дар назди давлат ва миллат аст. Арҷгузорӣ ба дороиҳои милливу давлатӣ инсонро дар назди давлат арҷманд мекунад. Яъне, маъниву мазмун доштани ҳаёти инсон дар тўли рўзгораш ба муносибати ў ба давлат ва арҷгузории давлат ба ў вобаста аст. Бо инъикоси усули давлатдории баъзе аз кишварҳои Аврупо муаллифи мақола аз маданияти сиёсӣ ва давлатдорӣ ҳарф мезанад ва таҳаммулу дурандеширо ҳатто дар истифодаи мафҳумҳову терминҳо ва муносибатҳои нерўҳои мухолиф муҳим мешуморад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор