Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ин рў давлате, ки маърифат дар меҳвари мавҷудияти қарор дорад мустаҳкам аст. Зеро маҳз дониши ду ҷонибаи давлат ва мардум имкон медиҳад осудагиву оромӣ дар кишвар пойдор монад. Ин аст, ки майл ба маърифат, адабиёт ва фарҳанг доштани Пешвои миллат арзиши баланди сиёсӣ ва таъгихиро дорост.
Дар қисмати дигари мақола бо номи «Геополитика:
«мантиқи воқеият» ва «субъеки сиёсӣ» муаллиф оид фаъолияти субъектҳои сиёси дар баъзе давлатҳои аврупоӣ, мақоми опозитсия дар онҳо, ҳадафи ягонаи мустаҳкам кардани мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ибрози назар мекунад. Андешаи муаллиф» вобаста ба зинаи тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ, маданият ва маърифати сиёсӣ, шароити таърихӣ, таҷрибаи давлатдорӣ, урфу одати миллии ҳар давлат, «мантиқи воқеият»
зарурати истифодаи роҳ, усул ва шаклҳои муайяни фаъолияти система, структура, аз ҷумла субъектҳои сиёсии хешро дорад” шоистаи таамуқ ва таамул мебошад. Дар идома муаллиф вазъи геополитикии муосирро шарҳу тавзеҳи илмӣ медиҳад ва хонандаро водор мекунад, ки сари маҳфуми “мантиқи воқеӣ” ва “ҳақиқӣ” андеша намояд. Агар соддатар баён намоем ҳаргиз як аҷнабӣ ободии кишвари мо ё манфиати як шаҳрванди миллат ва давлати дигарро аз манфиати хеш муқаддам намегузорад, ки муттассифона дарк накарданӣ ҳамин ҳақиқат чи қадар мардуми гумроҳи моро ба вартаи ҳалокат тела дод.
Муаллиф зимни бахши ”Ҷанбаи таърихии субъекти сиёсӣ” ба таърихи истилоҳи “субъекти сиёсӣ руҷўъ мекунад ва моҳияти онро тафсир менамояд. Воқеан, таъсир ва ҷойгоҳи шахсият ва инсон ё худ субъект нисбати объект бузург аст.

пешина
аз 601
навбатӣ