ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ба қавли муаллиф “Ў на танҳо сабабгори тағйири муҳит, атроф, табиат ба хотири дар доираи фаҳм ва зеҳни худ мувофиқ кунонидани он ба манфиати хеш аст, балки созандаи тафаккур, тасаввурот ва ҷаҳонбинӣ мебошад”.
Ва дуруст илова мекунад, ки “воқеияти таърихии дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кардани давлати мустақили миллӣ бо номи Тоҷикистон, самараи фаъолияти субъектҳои воқеии сиёсии миллати тоҷик дар тўли таърих аст”.
Ёдоварии муаллиф аз чеҳраи мондагори таърих чун устод Рўдакӣ ҳамчун зиндакунанда ва шўҳратёр намудани забони тоҷикӣ, Фирдавсӣ ҳамчун инъикосгари ҳувият ва аслияти миллати тоҷик, Абўалӣ ибни Сино ҳамчун муаррифгари ақл ва заковати миллати тоҷик басо рамзист.
Зеро маҳз худшиносии миллӣ ҳамчун муҳимтарин қисмати структурвии субъекти сиёсӣ дар заминаи донишҳои мукаммали илмӣ рўи кор меояд. Нуктаи зарифе, ки дар ин бахш сухан дар бораи он меравад давоми ҳазорсолаҳо маҳз ба туфайли ҳувияти миллӣ, худшиносӣ, дониш ва хиради баланд мардуми тоҷик новобаста аз фишору таъқибҳо зери тассарруфи бегонагон қарор нагирифт ва ниҳоят ба Истиқлолияти миллӣ расид. Ва имрўз ҳамон руҳияи қавии аҷдодӣ моро муҳим аст, то кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Бале, се мафҳум: илм таърих ва таҷриба муҳимтарин арконе ҳастанд, ки донистани онҳо барои пойдории миллату давлати мо зарур аст. Аз ҷумла, ба зиндагӣ ва воқеаҳои он аз назари илмӣ баҳо додан ба таърих бо чашми мушоҳидаву муқоиса ва сабақомўзӣ назар кардан ва аз таҷрибаҳои давлатдории олам дарси ибрат гирифтан моро ба соҳили мурод мебарад. Ҳамин мақола бо далелҳои ҷолиби таърихиву илмӣ собит месозад, ки имрўз барои мардуми тоҷик шонси бузурги таърихӣ даст додааст, ки дар партави сиёсати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор