ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба ҳам оем, дороиҳои миллии худро ҳифз намоем,
Ватани азизамонро дўст дорем ва барои таъмини амнияти он аз рўи тавоноии худ саҳм гузорем.
Соли 2018
ЗИЁИЁН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ
Имруз аз назари илмӣ баҳогузорӣ кардан ба вазъи ноороми ҷаҳон, дарси таҷриба андўхтан аз ихтилофҳои мазҳабиву динӣ ва марзиву бумӣ, ки муттассифона ҳам олами Шарқ ва ҳам олами Ғарбро фаро гирифтаст, аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 22 декабри соли 2017 ироа гардид, масъалаи амнияти кишвар ва бехатарии миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим буд.
Пешвои миллат соли равон дар суханронии худ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон нуктаеро зикр карданд, ки он бояд ба хотири оромии ишвар ва амнияти миллат ҳамеша дар назар мо қарор дошта бошад. Аз ҷумла, Сарвари давлат зикр карданд: “Кишвари мо дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандагии миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд.
Вале мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандўстонаву фидокорона ба хотири ҳимояи истиқлолияти давлати ҷавони худ ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд.” Ин гуфтаи Пешвои миллат аз як ҷониб ба мо аз таърихи талхи начандон дури мамлакат хабар диҳад, аз ҷониби дигар он ҳушдорест барои ҳамватанон, ки набояд иштбоҳеро, ки як бор моро сарсону бехонумон кард такрор намоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор