Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ин гузашта ба воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-ум баҳои илмӣ диҳем ва хулосаҳои дуруст барорем. Мавриди баҳсу қарор гирифтани масъалаи илм ва амнияти миллӣ аз ҷониби муҳаққиқи тоҷик, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, Саймумин Ятимов, ки тавассути расонаҳои иттилоотӣ вокуниши пурбореро аз ҷониби аҳли илм ва зиёиёни мамлакат рўи кор овард, аз муҳимияти масъала дар шароити муосир дарак медиҳад ва қабулу дарки дурусти он аз тарафи олимон ва муҳаққиқон ифодагари эҷоди ҳамдиливу ҳаммасллакӣ дар ҷомеа барои ҳифзи амнияти кишвар ва оромии он мебошад.
Дар мақолаи “Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ” муаллиф дуруст зикр мекунад, ки донишҳои таърихӣ, илму дониш сабабгори пешрафту таҳаввулоти инсон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт мебошад. Дар иртибот ба ин, амнияти миллӣ низ вобастаи сатҳу дараҷаи илми мавҷуда мебошад. Масъалаи пайванди илму амнияти миллӣ дар замони муосир доманаву шиддати бештаре пайдо мекунад, ки ин ба раванди умумиҷаҳонӣ ва падидаҳое, ки дар дунё ба вуқўъ мепайванданд, иртибот дорад. Ин ҷо овардан фикри олими маъруф Томасс Гобс, ки дар мақола зир ёфтааст, айни матлаб аст: ”Давлате, ки амнияти хешро таъмин карда наметавонад ғайримаҷоз аст”. Аз ин рў, мо бояд дарк намоем, ки муқаддастар ва муҳимтар дар давлатдорӣ аз таъмини амнияти он нест ва дар ин ҷода ҳамдастиву ҳамкории ҷомеа махсусан аҳли зиё ва равшанфикрон зарур аст. Агар мо аз ҳамин чашмандоз, яъне, бо назардошти сабақҳои таърихӣ ва донишҳои илмӣ ба вазъи амнияти кишвару миллат назар андозем, давлату ҳукумат ва мардум барои бартараф кардани хатарҳои зиёди маҳви миллату давлат ва шикасти сохтори давлатӣ чи қадар саддҳо ва душвориҳоро аз сар гузаронид.

пешина
аз 601
навбатӣ