Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Кўшишҳои зиёди душманони дохиливу берунӣ, зери ниқоби дини ислом қарор доштанд ва мехостанд Ватани азизи моро ба харобазор табдил диҳанд. Ин қувваи аҳриманӣ зери ниқоби Ҳизби назҳати ислом таи солҳои тўлонӣ нақшаи забти давлат ва тағйир додани сохтори давлатӣ ва кашидани мардум ба усули зиндагии асримиёнагиро бо худ дошт ва ҳар лаҳза интизор буд, ки ин нияти нопоки худро амалӣ созад. ҲНИТ дар баробари ҳомиву пуштибони ҳаракату ҳизбҳои экстримистӣ, аз қабили “Ҳизби таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷамъияти таблиғ”, “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Ҷундуллоҳ”, “Ҷараёни Салафия”, “ДИИШ” будан, худ низ як ҳизби экстримистӣ ва терористӣ ба ҳисоб меравад, ки инро бо амалаш собит кард.
ҲНИТ ниҳоят маккорона амал намуда, супоришҳои аз хоҷагони хориҷии худ гирифтаашро дар қаламрави Тоҷикистон тавассути созмону ҷамъиятҳои дар боло зикр шуда амал менамуд. Махсусан, дар мавриди ҷараёни “Салафия” метавон гуфт, ки аъзоён ва роҳбарони ҲНИТ пурра ин ташкилотро дастгирӣ намуда, як муддат дар ба вуҷуд овардани ихтилофот байни мусулмонони кишвар мусоидат намуд. Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба равияи салафия асосан аз ҷониби пешвоён ва пайравони ин ҷараён бо тариқи таблиғ ва тарғиб ба вуҷуд меомад, ки ин ба принсип ва усули корбарии ҲНИТ мувофиқ буд. Боиси зикр аст, ки ҳадафи ин ҷараён сиёсикунонии дин мебошад ва ин низ ба мақсади роҳбарияти ҲНИТ созгор буда, заминае ба қатлу ғорат, буғзу адоват ва ҷудоиандозӣ ба ҳисоб мерафт.
Ҷараёни салафия, ки имрўз дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ ва террористӣ шинохта шудааст ва ба аҳли суннат ва ҷамоат хусусан ба мазҳаби имоми Аъзам мухолифатҳои зиёд дорад, дар асоси таълимоти ҳанбалия дар асри XIV бо афкори Ибни Таймия ба вуҷуд омад ва дар асри XVIII бо саъю кўшиши Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ба ҷараёни “Ваҳҳобия” табдил ёфт ва аз соли 1920 дар Арабистони Саудӣ ҳамчун равияи озоди динӣ тарғиб ва дар афкору аъмоли динӣ татбиқ карда мешавад.Ҷараёни салафия ягон мазҳабро эътироф намекунад ва иҷмоу қиёсро бидъат меҳисобад.

пешина
аз 601
навбатӣ