ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бо ин тафаккури нодуруст онҳо дар Тоҷикистон аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва баъзе шаҳру ноҳияҳо ҷавононро фиреб намуда, ба ғояҳои экстремистӣ тарғиб менамуданд. Хусусан, дар шаҳри Хуҷанд ҷавононе, ки худро салафӣ мешумориданд, аксар аз илми арабӣ бехабар буданд, ягон масъалаи шаръиро баён карда наметавонистанд, аммо кўр-кўрона ҳама чизро бидъат мешумориданд.
Ана ҳамин вазъият ба роҳбарияти ҲНИТ қобили қабул буд ва онро ҳамчун як дастгоҳи пурқуввати таблиғотӣ ба кор мебурданд. Ҳатто махсус эълом медоштанд, ки салафиҳо ба сиёсат кордор нестанд, вале таърих гувоҳ аст, ки соли 2011 вақто, ки нооромиҳо дар Либия сар шуд, аввалин шуда “Салафиҳо” даст ба силоҳи оташфишон зада, мардуми одиро ба қатл расонида, соҳиби қудрат шуданд. Акнун тасаввур кунед, ки агар ин ҷараёни аҳриманиро дар қаламравӣ мамлакат манъ намеарданд чи вазъеро мо метавонистем интизор шавем. Аммо бо таассуф метавон гуфт, ки бо вуҷуди корҳои зиёд, ҳоло ҳам дар ақидаи баъзеҳо таълимоти салафия вуҷуд дораду пурра аз байн нарафатааст. Дар ин маврид набояд ҷомеа, махсусан аҳли зиё бетараф бошад. Дар миёни мардум оид ба арзишҳои дунявиву динӣ, афзалияти мазҳаби ҳанафӣ ва хатари ақидаҳои ихтилофангез аз ҷумла, хатари ҷараёни салафияро бо далелу ҳуҷҷат баён намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро кори доимии худ шуморанд. Имрўз дар Тоҷиистон мазҳаби ҳанафия қобили қабул дониста шудааст ва мавҷудияти ғайри ин мазҳаб моро ба нестӣ ва нобудӣ мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор