Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Зеро дар ин маврид ихтилофи ақида оқибати нек надорад.
Ин ҷо эътибор додан ба як масъалаи муҳим айни матлаб аст. Ҳадафи аслии ҲНИТ сохтани давлати исломӣ буд ва дар ин ҷода аз ҳамаи имкониятҳо ва дастгоҳҳои мавҷуда истифода мекард. Барои ин ҳизб муҳим набуд, ки ин ё он ҷараёни таҳмилшуда ба Тоҷикистон суд меорад ё зарар.
Муҳим ин буд, ки мутобиқи ҳадафи онҳо истифода бурда шавад. Қабл аз ҷараёни салафия такягоҳи ин ҳизби козиб ҳизби таҳрир буд, ки чи қадар нооромиҳоро дар ҷомеа эҷод кард. Ҳарчанд, аз соли 2001 дар Тоҷикистон манўъ гардид, вале он пинҳонӣ амал мекард, нашри адабиёти таблиғкунандаи он ғайриқонунӣ идома мекард. Расман собит шудааст, ки садҳо аъзоёни Ҳизби таҳрир узви ҲНИТ буданд.
Яъне, ин ҷо низ ҲНИТ, ки ҳадафаш сарнагун кардани низоми демократии кишвар ба ҳисоб мерафт, дар ҳизби таҳрир рисолати хешро дарёфт кард. Иртиботи ин ду ҳизби экстримистӣ ба вазнин шудани вазъи сиёсии мамлакат овард ва дар ин ҷо низ давлат ва қуввҳои солими кишвар тавонистанд пеши роҳи фалокатро бигиранд. Яъне, нахуст ҳизби таҳрир сониян ҷараёни салафия такягоҳи ин ҳизб маҳсуб мешуд. Вале макорона кулли амалҳои носавобашро дар паси пардаи ҳамоқат пинҳон медошт. Минбаъд ҷараёни «Таблиғ», «Ансоруллоҳ» ва ниҳоят ДИИШ ҳамкору ҳаммаслак, пуштибону саробони ҲНИТ гардид. Амали носавобе, ки соли 2015 бо иштироки генерал Ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода ба вуқўъ пайваст, аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ҳизб мехост ба ҳадафи ниҳоии худ бирасад, вале дар инҷо ҳам нерўҳои солим ғолиб омад.
Дар мақолаи Саймумин Ятимов мехонем: «Вазъи имрўзаи олам, минтақа мураккаб аст. Масъалаи аслӣ – таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат мебошад. Дар маркази баҳс масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва амният меистад.

пешина
аз 601
навбатӣ