ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ин мавзўи дараҷаи аввал маҳсуб мегардад. Ҳар нафаре, ки қудрати фикри солимро дорад, намехоҳад «чеҳра ба гиря бишўяд ва оҳанги рақс аз оҳу нола биҷўяд». Ин маънии онро дорад, ки мо имрўз низ набояд бетараф ва бепарво бошем. Зеро хатари таъсири қувваҳои аҳриманӣ ба Осиёи Марказӣ мавҷуд аст ва Тоҷикистон низ дар ин самт бояд мақеъ ва назари худро дар мавриди ҳифзи марзу бум ва амнияту осоиштагии хешро дошта бошад. Мо бояд донем, ки “хатарҳо ва душманиҳое ки зидди осудагии як миллат, тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла, таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд.” Аз ин рў, амнияти дохилии кишвар, сулҳу субот, ҳамфикриву ҳаммаромӣ, дўстиву рафоқат, дастгирии сиёсати ҳукумату давлат аз муҳимтарин дороиҳои ҷомеаи имрўза бояд бошад. Махсусан, барои аз байн бурдани хурофотпарастӣ, боварии мардум ба ашхоси чаласаводи муллонамо, ки гуё маълумоти динӣ медиҳанд, вазифаи аҳли зиё ва донишмандон аст. Имрўз ба ҳар падидаи нек ё зуҳуроти номатлуб бояд аз назари илмӣ баҳо дод то иштибоҳҳои солҳои навадум такрор нагарданд. Дар ин маврид пешниҳод, лоиҳаҳо, дастуру китоб ва муҳимтар аз ҳама, мавқеи олимону донишмандон умуман зиёиён муҳим аст. Танҳо дар заминаи ҳамдастиву ҳамфикрӣ ва ҳамкорӣ мо метавонем дар амнияти миллату кишвар саҳм гузошта бошем.
Адабиёт:
- Рахмонов А.С. Современные проблемы безопасности в Республике Таджикистан и в Центральной Азии // Монография.
—Душанбе, 2013.- С.14-48.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор