ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
- Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ ба муносибати Истиқлолияти давлатӣ, 9 сентябри соли 2017.
- Ятимов С. Таҳлили стратегӣ ва ояндабинии сиёсӣ. Душанбе:-2015.
- Ятимов С. Илм ва амният. “Ҷумҳурият”, 30 майи соли 2017 Соли 2017
РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ
Дар ҳошияи мақолаи Саймумин. ЯТИМОВ, доктори
илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Иммануил Кант ва ташаккули шахсият”-маҷаллаи «Илм ва Ҷомеа», №2 (10) 2018 , “Ҷумҳурият”
6.06.2018
Мақолаи нави доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, прфессор Саймумин Ятимов “Иммануил Кант ва ташаккули шахсият”-ро як назари тозаи илмӣ ба муносибати фард бо ҷомеа метавон ном бурд. Муаллиф дар мақола омили асосии
расидан ба осудагии том ва ташаккули инфиродии шахсро дар тарбия ва таълим мебинад. Ин андешаи муаллиф
ҳамоно идомаи фикри ў аз мақолаҳои қабли эшон сурат
гирифтааст ва дар мақолаи мазкур ў тасмим гирифтааст,
ки онро дар партави афкори баланди олимони дунё мавриди муқоиса ва таҳлил қарор диҳад. Яъне, муаллиф мехоҳад дар заминаи назирияҳои илмӣ ва ғояву тафаккури
олимони маъруф дар мисоли Иммануил Кант вазъи кунунии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиии кишварро баҳогузорӣ
намояд ва муҳимтарин вазифаҳои узви ҷомеаи имрўзро
мушаххас баён созад. Се даҳсолаи охир, яъне, даврони
истиқлолияти кишвар заҳматҳои халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар беҳдошти вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ самараи нек ба бор овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор