Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ёфт ва дар ҳамаи соҳаҳо рў ба инкишоф овардааст. Саймумин Ятимов бар он ақида аст, ки ин дастоварди бузургро эҳтиёт кардан ва онро рушд бахшидан аз вазифаи муҳими имрўзиён аст. Махсусан шуурнокии миллӣ ва худшиносӣ гавҳари бебаҳоест, ки заволи он оқибати нек надорад. Дар ин маврид нақши инсон ё худ шахси соҳиби илму фазилат калон буда, пойдории миллат ояндаи он ба ў вобастагии қавӣ дорад. Аз ин рў, тарбияи инсон ва маълумотнокии он яке аз вазифаҳои муҳим ва муқаддаси замон маҳсуб мешавад. Муаллифи мақола маҳз ба хотири тавзеҳ ва исботи ин ақида ба назарияи файласуфи маъруфи немис дар асри 18 милодӣ Иммануил Кант оид ба ташаккули тарбия ва ба камол расонидани шахс такя менамояд.
Муаллиф бо такя ба назарияи Арасту ҷавҳари давлатро дар инсон мебинад ва тарбияи неки шахсро ба сифати давлат ва давлатдорӣ таъсирпазир меҳисобад. Дар ин бахши мақола муаллиф ба мафҳумоти тарбия, сифати тарбия, мақсади тарбия, таълим ва таҷриба таваққуф намуда, дар заминаи китоби И.Кант «Дар бораи педагогика» ба хулосае мерасад, ки “тарбия зина ба зина ба дараҷаи боло мерасад ва ҳар як насл қадаме ба пеш, барои камолоти инсоният мегузорад». Вале муҳимтарин нуқтаи назари муаллиф дар ин маврид дар заминаи барномарезӣ ба роҳ мондани тарбия мебошад. С.Ятимов дуруст қайд мекунад, ки “Тарбияро дар доираи масъулият ва мафҳуми аслӣ наметавон масъалаи шахсӣ номид. Мақсад аз он, пеш аз ҳама, манфиати ҷомеа ва муассисаи аслие, ки барои амният ва рушди он ҷавобгар аст, яъне давлат дар назар дошта мешавад. Илм, фарҳанг, маориф, таълим ва тарбия - пойдевори аслии таъмини амнияти давлати миллӣ мебошад.

пешина
аз 601
навбатӣ