ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар бахши дигари мақола “Оид ба мантиқи тарбия” муаллиф ба хулосаи хуби мантиқӣ мерасад,ки он ҳадафи тарбияро ифода мекунад: “Новобаста аз он ки бо таваллуд гаштани одам - мукаммалтарин ҷузъиёти табиӣ рўи олам меояд, он ба ғамхорӣ, нигоҳубин, тарбияи ниҳоят ҷиддӣ ниёзманд аст. «Зери маънии «ғамхорӣ» кўшиш ва заҳмати падару модар дар назар дошта мешавад, ки фарзанд натавонад қувва ва имконоти худро бар зарари худ истифода намояд» Воқеан ин нуктаи муҳим аст, зеро дорои ахлоқи ҳамида будан танҳо маънии некхоҳи дигарон будан, балки аз ҳама қабл некӣ барои худ аст.
Муаллифи мақола оид ба мавқеи шахс дар тарбия афкору ақидаи И.Кантро тавзеҳ медиҳад ва мўътақид аст, ки нақши одам дар тарбияи шахс ниҳоят бузург аст ва инсони нек шудани одам тасодуфӣ набуда, балки натиҷаи заҳмату талошҳои ашхосе аз қабили падар, модар ва муаллим мебошад. Бо овардани мисолҳои Кант дар бораи тарбиятнопазир будани мавҷудоти биологии бешуур хулосаи ўро тасдиқ менамояд: «Бояд таъкид сохт, ки одамро фақат Одам тарбия мекунад – одаме, ки айнан мисли худаш тарбия гирифтааст. Мантиқи аслии талаботи файласуфи бузург масъалаи мураббӣ, муаллим ва тарбиятгар аст. Устодро И. Кант меъмори бузурги қасри манзалати маънавии инсон мешуморад. Албатта, ҳар кас нишона, баранда ва давоми умри маънавии авлод ва падару модари хеш аст. Муҳим он аст, ки тарбияи фарзанд дар ихтиёри ашхоси тасодуфӣ наафтад». Баъдан муаллиф ба таърих руҷўъ намуда, мисолҳои фаровониеро меорад, ки он дар натиҷаи тарбияти нодуруст ба вуқўъ пайвастааст. Баробари мисолҳои таърихӣ аз қабили кушта шудани Мирзо Улуғбек аз ҷониби фарзандаш Абдулатиф ки маҳз дар зери тассаруфи андешҳои устодаш, ки ҳисси баланди таассуби динӣ дошт, ин корро анҷом медиҳад, муаллиф ба воқеаҳои даҳшатзои замони муосир низ руҷўъ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор