Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ҷумла, тибқи фармони роҳбари дастаи терористӣ Алӣ Сақра ном ҷавон узви “Давлати исломӣ”, модари хешро ба қатл мерасонад, ки ин низ натиҷаи тарбиятест, ки онро “устод”- ба анҷом расонидааст”. Дар даврони аввали истиқлолияти кишвар чанде аз фарзонагони миллати моро маҳз чунин ашхоси бадтарбият ба тўъмаи марг тела доданд, ки ҷои таассуфу надомат аст. Бо овардани ин мисолҳо муаллифи мақола ҳушдор медиҳад, ки дар ба амал омадани ин воқеоти даҳшатнок ҳар як фарди ҷомеа ҷавобгар аст ва ба тарбияву мафҳуми он эътибор додани мо ҳатмист.
Дар мавриди мақоми интизом дар тарбия муаллиф сухан карда, масъулияти бузурги ҷомеаро дар назди наслҳои оянда зикр мекунад. Андешаи И.Кант дар бораи он, ки дар ҷавҳари инсон табиати ваҳшигӣ доимо боқӣ мемонад, аммо «интизом намегузорад, ки одам аз таъйиноти худ, ҳамчун инсон, ба он ҳолат бозгардад ва низом ҳаст, ки инсонро аз ваҳшоният халос мекунад» аз тарафи муаллиф мавриди қабул қарор гирифта, дар перомуни он мисолҳои ҷолиб меорад. Воқеан, ин андешаи И.Кант ҷолиби таваҷҷўҳ ва андеша аст: «Камбудӣ дар интизом - бадии бузургтаре аст нисбат ба норасоӣ дар фарҳанги рафтор.
Охиринро метавон батадриҷ ислоҳ кард. Аммо ваҳшигиро наметавон решакан намуд. Беинтизомро дар синни камолот ислоҳ кардан ғайриимкон аст».
Ба масъалаи мазкур ҷалб кардани диққати хонанда аз ҷониби муаллиф саривақтӣ ва актуалӣ буда, дар замони муосир онро сарфи назар кардан кори нодуруст аст. Ба маънии дигар, инсон бо вуҷуди озоду соҳибистиқлол будан ҳамоно бояд дар доираи низоме амал намояд, ки онро меъёри инсонӣ мегўянд ва дар ҷавҳари тарбияти инсон тарбияти қудрате бояд бошад, ки одам сари вақт тавонад аз амали ғайри қобили қабул худдорӣ карда тавонад.

пешина
аз 601
навбатӣ