Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Яъне, дар низоми тарбияти шахс интизом ҷавҳари аслии инсонро ташкил медиҳад.
Дар мақола як фасли бузурге ба масъалаи шахс ва ҷомеа бахшида шудааст. Муаллиф ба мавқеи Кант эътимод дорад:
«тамоми кўшишро бояд ба харҷ дод, ки мантиқи омўзиши «манфиат»-и шахс ба тарзи ҳатмӣ манфиати умумиинсониро дар назар дошта бошад, барои он ки «дар бораи хушбахтии дигарон кўшиш карда, мо хушбахтии хешро дармеёбем”. Ин матлаб ниҳоят муҳим аст ва моҳияти онро бояд ҳар як фарди ҷомеа дарк намояд. Маҳз тарбияти ин хусусият дар шахс аз ў хислатҳои бади инсонӣ, аз қабили мағрурӣ, худписандӣ, ман-маниро дур месозад. Ва ин амалро аз хурдии фарзанд бояд рўи кор овард, чунончи Саъдӣ гуфтааст:
Ҳар кӣ дар хурдияш адаб накунанд, Дар бузургӣ фалоҳ аз ў бархост.
Чўби тарро чунонки хоҳӣ, печ, Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост.
Ба иборати дигар ҳадафи муаллиф, ки аз назарияи олимони маъруфи шарқу ғарб сарчашма мегирад, ба талаботи ақл тобеъ кардани инсон аз даврони кўдакӣ мебошад.
Муаллифи мақола бисёре аз андешаҳои Кантро бо афкору ақидаҳои муттафаккирони тоҷик муқоиса намуда, дар онҳо ҳамоҳангӣ ва ҳамфикриро дармеёбад. Аз ҷумла, дар мавриди бо зиндагии осону беғам таъмин кардани даврони наврасии фарзанд, ё худ ба ноз парваридани шахсу огоҳ накардан аз мушкилоти ҳаёт, ки он оқибати хуб надорад кулли муттафаккиронро ба ташвиш овардааст. Яъне: «рў ба рў гаштан бо мушкилиҳои зиндагӣ аз назди пойгоҳи дари иҷрои хоҳишҳо, майлҳо, ронданҳо ҷавонро ваъдаи сарватманд шудан надиҳад ҳам, бояд дар ботини ў ақл, масъулият, ҷузъиёти хештаншиносиро ба кор дарорад».
Воқеан ин нукта ниҳоят муҳим буда, дар замони мо низ дар ташаккул ва рушди шахс ҳамчун инсони созанда ва бунёдкор гузаштан аз имтиҳони зиндагӣ муҳим аст.

пешина
аз 601
навбатӣ