Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Махсусан, ҷавонони имрўза бояд дарк намоянд, ки зиндагии онҳо аз оғоз то анҷом якранг нест, пастиву баландӣ дорад ва мустақилона фикр кардан, хулоса баровардан, тасмим гирифтан, натиҷа бардоштан аз муҳимтарин сифатҳои инсони муваффақ мебошад.
Дар идома И.Кант ба масъалаи масъулияти падар дар назди фарзанд руҷўъ мекунад, ки муаллифи мақола дар шарҳи он чандин мисолҳои мушаххасро ба қалам меорад. Таваҷҷўҳ менамоем ба ин андешаи Кант: «Ман бояд фарзанди худро ба он одат кунонам, ки чӣ гуна вай ба маҳдудияти озодии худ одат кунад, онро паси сар намояд. Ҳамзамон, аз ҳамин гуна маҳдудиятҳо хуб истифода карда ҳам тавонад. Агар ин тавр нашавад, ҳама корҳо беҳудаанд. Фарзанде, ки аллакай аз тарбияи падару модар берун рафтааст, наметавонад аз озодии худ истифода кунад». Муаллифи мақола дуруст таъкид мекунад, ки “олими дақиқкори олмонӣ ба воқеияти рўзгор объективона муносибат мекунад. Медонад, ки зиндагӣ роҳи ҳамворе нест.
Одат кунонидан ба фаъолияти пурсамари инсониро тавассути кулли имконот мадди назар мегирад.” Дар воқеъ, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” соли 2011 дар мавриди ҳаллу фасли ин матлабҳо нақши муассир гузошт ва самараҳои нек дар беҳдошти тарбияи наврасону ҷавонон гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба таълиму тарбия ҳамчун ба маҳсули хираду дониш ва маърифати инсон эътибор дода, дар баробари ҷанбаи амалӣ доштани ин санаду ҳуҷҷатҳо, ки меҳвари онро росту дуруст тарбия намудани насли муосир ташкил мекунад, ба арзиши таърихии он, ки ин эҳёи анъанаҳои тарбиявиву таълимии гузаштагони соҳибназари миллати тоҷик мебошад, эътибори хоса зоҳир менамоянд.

пешина
аз 601
навбатӣ