ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Яъне, ин қонун заминаҳои таърихӣ ва илмӣ дошта, он натанҳо дар тарбияи шахсият балки дар пойдории давлат ва устувории ҷомеа нақши муассир дорад. Ба иборати дигар, дар меҳвари андешаи муттафакирони бузург чун И.Кант ва қонуни мазкур мафҳумҳои муқаддасе чун одаму одамгарӣ ва некўкорӣ меистад, ки тавассути он ҳаёти босаодат метавонад таъмин гардад.
Дар мақолаи Саймумин Ятимов «Иммануил Кант ва ташаккули шахсият» мафҳумҳои дигаре монанди «тарбияи характер», «генетика ва тарбия» низ тафсири худро ёфтааст. Муҳимтарин хислатҳое, ки инсон аз назари муаллиф дар ҳамаи давру замонҳо дар мадди аввал қарор дошт ва новобаста ба шароити зиндагӣ такмил додани он ҳатмист инҳоанд: доштани масъулият, нангу номус, ҳисобот додан дар назди виҷдони хеш, падару модар, наздикон ва ҷамъият, ба боварии онон сазовор гаштааст, муносиботи инсон бо наздикон, дўстон, ҳамкорон, ҷомеа, ҷаҳонбинӣ, тарзи муносибат ба воқеъияти ҷомеа, самти афзалиятноки мавқеъгирии идеявӣ, эътиқодӣ ва асосноккунии он аз нигоҳи илм, муносибати инсон ба меҳнат, мушкилот, тавоноии паси сар кардани монеаҳо. Маҳз ин хусусиятҳо инсонро метавонад дар ҷомеа соҳиби мавқеъ, иззату эҳтиром намояд ва таввассути ин гуна ашхос ҷомеа низ ба сўи саодату ободӣ майл мекунад. Дар мавриди генетика ё худ таъсири ирсият ба шахс низ дар мақола баҳси доманадоре дар заминаи андешаҳои муттафакирони шарқу ғарб сурат гирифтааст. Ҳарчанд гузаштагони мо дар мавриди таъсири ирсият мегуянд, ки “хун оқибат ҷониби хун кашад” вале ҳамоно нақши тарбияро сарфи назар накардаанд.
Ва дар ин маврид нуқтаи назари И.Кант айни матлаб аст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор