ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳоло дар Маҷлиси намояндагонамон аз ҷумлаи ҳашт ҳизби сиёсии дар кишвар расман сабтиномшуда панҷ ҳизб вакил доранд. Иштироки умумии интихобкунандагон дар овоздиҳӣ бошад, соли 2010, ҳангоми охирин интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ 90,3 дарсадро ташкил дода буд. Ин шаҳодати он аст, ки мардумамон ба интихобот эътиқоду эътимоди хеле зиёд доранд ва умеду орзуҳои хешро ба натиҷаҳои он марбут сохтаанд. Сазовори ин боварӣ кору амал кардан масъулияти бузургест.
Мо аз он ифтихор дорем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, чун неруи тавонои сиёсии кишвар, дар эҷоди фазои бовару эътимоди зикршуда миёни давлату ҷомеа, ба вуҷуд овардани муҳити рақобати солиму созандаи миёниаҳзоб давоми солҳои истиқлолият нақши бузургеро ба ҷо овардааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти кишвар мебошад. Ақидаи таъсиси ин гуна ҳизб нахустин маротиба аз ҷониби Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад ва таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ соли 1994 омодагиҳо ба бунёди ҳизб шуруъ шуда буданд. Вай аъзои худро дар заминаи ҳадафу мақсадҳое муттаҳид гардондааст, ки ҳоло зербинои пешрафтро дар мамолики мутамаддини ҷаҳон ташаккул додаанд. Онҳо барои мардуми мо бегона нестанд, наздику фаҳмоянд, ки қисман аллакай ба воқеияти имрўзи Тоҷикистон табдил ёфтаву қисми дигарашон марҳалаи иҷрову такмилу тақвиятро сипарӣ мекунанд: тақсими давлатдорӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, интихоботи шаффофу демократӣ ва беғаразона, гуногунӣ ва озодии афкори сиёсӣ, бисёрҳизбият, волоияти қонун, озодии баён ва матбуоти озод, озодӣ дар диндорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё