ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Озодиҳои иқтисодӣ, аз қабили имкони мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият ва рақобати озоди онҳо, рушди иқтисоди бозорӣ ва соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна ва дигар тадбирҳое, ки дахолати давлатро ба ҳаёти рўзмарраи шаҳрвандон, ба фаъолияти иқтисодии онҳо хеле коҳиш дода, заминаро барои рушди босубот фароҳам меоваранд. Мақсади ниҳоии мо бунёди ҷомеаи шаҳрвандиест, ки дар асоси худидоракунӣ ва иқдомҳои инфиродии шаҳрвандон пеш хоҳад рафт.
Ин ҳама ҳадафу мақсадҳои мушаххас, ки аз умқи ҷомеаи Тоҷикистон реша гирифта, хостаҳои дили аксари мардуми кишварро ифода мекунанд, дар барномаи ҳизби мо ҷой гирифта, миёни аксари шаҳрвандон ҷонибдории дилгармона пайдо намуданд. Мақсаду маром ва ҳадафҳое, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеши худ қарор дода барои амалӣ гардонидани онҳо талош мекунад, бо дарназардошти манфиатҳои кулли ҷомеаи кишвар, ҳамаи қишрҳои гуногунранги мардум ба миён омадаанд.
Онҳо нуқтаи эътидол ва муросову мадороанд, ки ваҳдату ягонагиро дар ҷомеа таъмин гардонда, кишварро ба сўи пешрафт ва рифоҳу хушбахтӣ равона месозанд.
Сабаби маҳбубияти ҳизби мо низ миёни мардум дар ҳамин аст. Ҳамин аст, ки сафҳои он аз ҳисоби наслҳои нав ба нави ҷавонон афзун мешавад. Ҳамин аст, ки дар ҳар даври интихобот аксари кулли шаҳрвандон ба ҷонибдорӣ аз сиёсати он ва барномаи пешазинтихоботию номзадҳои он ба президентию вакилии зинаҳои гуногун овоз медиҳанд.
Ҳизби мо имрўз бо 250 ҳазор нафар аъзою 4 ҳазор ташкилоти ибтидоӣ мерасад ва аз бузургтарин, муассиртарин ва писандидатарин нерўҳои сиёсии кишвар аст. Он дар тамоми қаламрави мамлакат, то дурдасттарин маҳалҳои маскунӣ фаъолият дорад. Ба ҷуз ин, мо садҳо ҳазор, балки миллионҳо нафар ҷонибдорон дорем, ки гарчанд аъзои мо нестанд, вале мақсаду маромамонро дар роҳи бунёди Тоҷикистони пешрафта ҳамеша дастгирӣ мекунанд ва барои амалӣ шуданашон талош меварзанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё