Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

«Тарбия санъат аст... ҳар як насл метавонад зина ба зина ҳамон намуди тарбияро ба роҳ монад, ки тавассути кушодани имконоти табиии он, мутаносибан ва мақсаднок инсониятро ба таъйиноти худи инсон расонад».
Ҳамин тариқ дар мақола дар заминаи назарияи Иммануил Кант, асосгузори идеализми классикии немис, ки аз донишманлдони бузурги Ғарб маҳсуб мешавад, муаллиф дар бораи тарбия ва муҳимияти он дар ҷомеа ибрози назар кардааст. Матлабҳои дар мақола зикр ёфта бори дигар ҷомеаро ба масъалаи тарбия, ки ба андешаи ағлаби муттафакирон бар таълим афзалият дорад, ҷалб менамояд. Зиндагии ободу осуда ва пурмазмун, ҷомеаи тинҷу осуда ва давлати пурқудрату обрўманд аз тарбияи дурусти инсонҳо вобастагии зич дорад. Аз ин рў, ҳамсони мақолаи мазкур мавриди омўзиш амиқ қарор додани назария ва андешаҳои донишмандону мутафаккирони ҷаҳон, аз ҷумла, кллассикони тоҷик оид ба тарбия ва тавзеҳу ташреҳи онҳо барои ҷомеа аз ҷониби муҳаққиқони муосир аз вазифаҳои муҳим маҳсуб мешавад. Таҳия ва таснифи китобҳо дар бораи тарбия ва моҳияти он, ки ҷанбаи қавии илмӣ, таърихӣ, назариявӣ ва амалӣ дошта бошанд низ зарур буда, дар мактабҳо ба сифати нав, усулҳои тоза бо фарогирии маводҳои илмиву таърихӣ, бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ мондани дарсҳои тарбиявӣ ҳатмист. Гузашта аз ин, баргузор намудани тренниг- семинарҳо барои волидайн ва ҷавонон бо барномаҳои махсуси таълимӣ оид ба роҳҳои тарбия, муносибат бо ҷомеа ва монанди инҳо метавонад дар ин самт муфид бошад. Метавон гуфт, ки мақолаи мазкур ҳушдорест барои ҷомеаи имрўза то дар мавриди имрўзу фардои худ андеша кунем, ба масъалаи тарбияти инсони муосир тавваҷҷўҳ намоем ва дар нерўмандии давлати хеш саҳим бошем.
Соли 2018

пешина
аз 601
навбатӣ