Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

РОҲИ НАҶОТ ДАР ИТТИҲОД

Масъалаи ҷавонон ва тероризм, пешгирии шомилшавии онҳо ба ташкилотҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ имрўз аз масоили мубрами рўз маҳсуб мешавад. Воқеаи мудҳише, ки дар ҷануби кишвар рух дод ва он ҳамчун акти терористӣ муаррифӣ гардид, маҳз аз ҷониби ашхоси раҳгумзада, ки синну солашон ниҳоят ҷавон аст, ба амал омад ва бе гуфтугў он суолеро дар майнаи инсонҳо эҷод кард, ки чаро ин ҷавонон ба ин кори ношоиста даст заданд? Бераҳмӣ, хашм, ифрот дар ниҳоди ин ҷавонон аз куҷо сар задааст ва оё онҳо зодаи ҳамин диёр ҳастанд? Дар ин мақола хостем ба масъалаи ҷавонон, дунёи ботинии онҳо, тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва сабабҳои гароиши баъзе аз онҳо ба ақидаҳои ифротгароӣ назар андўзем ва баъзе ақидаҳои хешро баён созем.
Агар ҳадафи мо имрўз расонидани таъсири мусбӣ ба ҷавонон аст, бояд баррасии вазъи тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо яке аз масъалаҳо меҳварии таҳқиқ бошад ва омўзиш таҳлили ҷанбаи илмӣ хоса равонии ин масъала муҳим мебошад.
Мусаллам аст, ки ҷавонон наслеанд, нахуст маълумотҳои назариявиро аз мактаб ва донишгоҳ аз бар мекунанд ва тавассути васоити электронӣ ва сайтҳои интернетӣ онро такмил мебахшанд. Яъне, онҳо аз ҷараёни ҳаёт бохабар ҳастанд ва ниҳоят як давраи ҳассосро дар дарку маърифати муҳит аз сар мегузаронанд.
Олимон муқаррар кардаанд, ки маҳз ҷавонони аз синни 16 то 25-сола як давраи лағжандаро аз сар мегузаронанд, ки рушди минбаъдаи онҳо аз таъсири муҳити атроф сахт вобастагӣ дорад. Ҳини муроҷиат бо онҳо, барқарор кардани муносибат ва дар ин замина рўи кор овардани муколамаву мубоҳисаҳо бояст баъзе хусусиятҳои калидии мансуб ба хусусияти ҷавониро ба инобат гирифт.

пешина
аз 601
навбатӣ