ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданАз ҷумла синну сол, ба гурўҳи махсуси иҷтимоии ҷомеа мутталлиқ будани онҳо, ҳамзамон, ҳамчун нерўи мустақили пешраванда эътироф шуданашон, муҳимтар аз ҳама, мансубияти онҳо ба гурўҳи аз ҷиҳати ғоявӣ шакл нагирифтаи ҷомеа бояст дар мадди назар қарор бигирад. Дар баробари ин эътироф бояд кард, ки ҷавонон як қисми ҷомеае мебошанд, ки барои татбиқи мақсадҳои иҷтимоии худ кўшиши беандоза менамояд.
Дар заминаи ин хусусиятҳо ҷавононро метавон аз назари сиёсӣ ва ҷаҳонбиниву фаъолияташон ба қисмҳои зерин ҷудо намуд:
- Ҷавононе, ки ҳадафҳои иҷтимоии худро бо роҳу усулҳои муқаррарӣ, ки дар доираи қонун амал мекунад, ҳаллу фасл менамоянд ва ба ҷомеа зарар надоранд, нисбати воқеаҳои атроф бетараф ҳастанд 2. Ҷавононе, ки афкору андешаҳои зидди ҷараёни ҳаёти иҷтимоӣ доранд ва дар табиаташон хусусияти хашмгиншавӣ ба мушоҳида мерасад. Онҳо мехоҳанд аз буда беш мақом дошта бошанд ва аз муҳит розӣ нестанд.
Ин гуна ҷавонон дар зиндагӣ ва фаъолияташон ҳадафи муайян надоранд. - Ҷавононе, ки мутобиқи маҷрои ҷомеа ҳаракат мекунанд, масъалаҳои иҷтимоии худро дар пайвастагӣ бо вазъи ҷомеа ҳал месозанд, ба ҷомеа фоида меоранд ва нафъи ҷомеаро аз манфиатҳои шахсӣ боло мегузоранд ва мехоҳанд тавассути меҳнат ва дониш дар байни омма обрў ёбанд.
Инак, бармегардем ба сари масъалаи асосӣ: масъалаи аввал ин барои чи баъзе аз ҷавонон ба тарғибу ташвиқи экстримистӣ дода мешаванд? Аз ин гурўҳбандии мо кадоме бештар майл ба афкори ифротӣ ва терористӣ пайдо мекунанд ва зуд тобеи афкори бегона мегарданд?
Ҳақиқат инҷост, ки дар замони муосир тероризм дар ниқоби дин бештар ҷилва мекунад ва худро ҳомӣ, пайрав ё мўътақиди ин ё он дин меҳисобад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор