Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мафҳуми «терорист-мусулмон», «терорист-буддо», «терорист-христиан», «терорист-индуй», ки гўё сарчашмаи он боварӣ ва эътиқод ба ин ё он дин аст, дар асри гузашта ва муосир шўҳрат пайдо кард, ки дар аксари маврид онҳоро бо мафҳуми «Фанат» ё «Сетант» ёд мекунанд.
Аслан, терористон ин афроди фанат, ки ақидаи шахсии худро надоранд ва ба шахсе ё гурўҳе ба хотири моддиёт ё таъсири равонӣ тобеъ шудаанд ва гоҳо худ намефаҳманд, ки ба чи амале даст мезананд. Ҳатто дар ағлаби маврид ҳини адои акти терористӣ худро қаҳрамони замон эҳсос мекунанд.
Тероризм моли як ду асри охир нест, балки дар ҳамаи замонҳо ин қувваҳои аҳриманӣ, бо номҳои мухталиф вуҷуд дошт ва бо роҳу воситаҳои гуногун ба ҳаёти одамон зарари худро мерасонид.
Ҳанўз дар асри 12-и милодӣ ду роҳи омода кардани терористон мавҷуд буд:
Яке ба воситаи ҳашиш, яъне, маводи мухаддир, ки аз онҳо “фидоӣ” месохтанд ва мутаассифона имрўз низ ин усул аз ҷониби ташкилотҳои бунёдии исломии терористӣ ба кор меравад. Аз ин рў, маводи мухаддир натанҳо ҳамчун нерўи молиявӣ балки ҳамчун аслиҳа низ истифода мешавад.
Дигаре, ки онро дар замони муосир бештар истифода мебаранд ин бо роҳи таъсири равонӣ, яъне, психологӣ ё ҷалб ба ақоиди диниву мазҳабӣ бо назардошти афзалияти молӣ.
Инак, суоле пайдо мешавад, ки кадом омилҳое мавҷуд аст, ки баъзе аз ҷавонон фирефтаи доми аҳриманон мегарданд? Ба андешаи ин ҷониб:

  1. Нофаҳмӣ дар оила, новобаста аз шароити зиндагӣ.
пешина
аз 601
навбатӣ