Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ихтилофи ақида дар зиндагии рўзмарраи ҷавонон.
2. Баъзе аз хислат ва хусусиятҳои манфии ҷавонон, аз қабили монанди дигарон набудан, аз дигарон фарқ кардан, барвақт соҳиби ном ва обрўй гардидан, ҷалб кардани таваҷҷўҳи дигарон ба худ ва монанди инҳо.
3. Таъсири усули ҳаёти мардуми хориҷи кишвар, ки тавассути сайтҳои интернетӣ ошно мегарданд.
4. Қарор гирифтан зери таъсир ва фишори афкори диниву мазҳабӣ.
5. Надоштани мақсади муайян дар зиндагӣ ва зери таъсири гурўҳҳои ҷиноятӣ қарор гирифтан.
Маҳз маҷмўи ҳамин омилҳо боис мешавад, ки ҷавононро ташкилотҳои терористӣ ба доми хеш кашанд. Гузашта аз ин, чунин ба назар мерасад, ки ҳар се қисми ҷавонон, ки дар боло таснифашон рафт, аз ин бало дар канор нестанд. Яъне, имрўз усулҳои ҷалбкунии ҷавонон бо роҳҳои мухталиф рўи кор меояд ва дигар намудани афкори дурусти онҳо низ кори осон шудааст.
Омўзишҳо нишон медиҳад, ки аз ҷониби гурўҳҳои терористӣ асосан ҷавонони 16-25-сола ҷалб мешаванд, ки ин чанд сабаб дорад:

  1. Аксарияти ин гурўҳи ҷавонон нерўманд, пурқувват, вале аз назари ирода заиф, ки моил шудани онҳо ба идеяҳои ифротгароён осон аст.
  2. Ҳадафи дурнамои ташкилотҳои терористӣ ин омода кардани кадрҳои ояндаи потенсиалӣ ба ҷои раҳбарони имрўза аст. Ин масъала ниҳоят ҷиддӣ ва хафвнок мебошад.
    Барои расидан ба ин ҳадаф онҳо роҳҳои гуногуни ҷалб ва корбариро роҳандозӣ мекунанд.
    Дар ин маврид бояд зикр кард, ки дар замони муосир яке аз роҳҳои таъсирбахшии ин нерўҳои аҳриманӣ интернет, сайтҳои иҷтимоӣ мебошад. Воқеан, сайтҳои иҷтимоӣ осонтарин роҳи ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои экстримстӣ мебошад.
пешина
аз 601
навбатӣ