Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Роҳҳои гуногуни ҷалбкуниро истифода мебаранд ва гумон меравад, ки гурўҳи калони намояндагони ин ташкилотҳо қувваи асосии худро дар самти тарғиб тавассути сайтҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд. Интернет имрўз дастгоҳи асосии фаъолияти терористон дар тамоми олам мебошад ва Тоҷикистон низ ҳамчун ҳадаф аз он берун нест.
Сайтҳо бо ниқоби саҳифаҳои динӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ ҳатто адабиву фарҳангӣ дар тағйирбахшии афкори ҷомеа ва вайрон кардани он кўшиш мекунанд.
Инак чи бояд кард, ки роҳи ин сели марговаррро гирифта тавонем ё ба иборати дигар, аз дасти мо барои наҷоти ҷавонони гумроҳшуда чи меояд?
Дуруст аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ –
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз роҳи асосии наҷотро дар ҳамкории ҷадид ва ҷиддии байналмилалӣ мебинанд. Бо дарназардошти натиҷаҳои ҳалокатбору қувваи харобиовари таҳдидҳои ғайримаъмулии ҷаҳони муосир, Сарвари давлат борҳо таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳониро дар баромадҳою суханрониҳои хеш аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, САҲА (ОБСЕ), СҲШ (ШОС), СААД (ОДКБ),
Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ОИС ва ғайра ҷалб намуда, оид ба қабул намудани чораҳои муассиру саривақтии пешгирикунанда, роҳҳову шеваҳои аксуламали мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷойдошта ва ҳалли оҷилонаи проблемаҳо ва ҷангҳои даҳшатбор дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, махсусан дар Афғонистон, Сурия, Ливия, Ироқ ва Украина, таъкид намудаанд. Воқеан имрўз бояд қонунҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ рўи кор оянд, ки меъёрҳои ягонаи мубориза бо тероризмро дар тамоми олам муайян намоянд. Танҳо муборизаи якҷоя метавонад дар ин самт ҳадафманд бошад. Ҷои таассуф аст, ки на ҳамаи кишварҳои олам нисбати ин масъала таваҷҷўҳ доранд ва беаҳамиятии онҳо боиси сар задани фалокатҳои нав ба нав дар қаламрави олам мегардад.

пешина
аз 601
навбатӣ