ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданБо вуҷуди ин, дар қаламрави кишвар бояст корҳоеро ба анҷом расонид, ки он тавонад то ҳадде роҳи шомилшавии ҷавононро ба гурўҳу ҳаракатҳои экстремистӣ гирифта тавонад. Инак чанд пешниҳоди мушаххас, ки амалӣ шудани он аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ашхоси алоҳида, ки ба тақдири ҷавонон бетараф нестанд, имконпазир аст:
- Бештар ташкил намудани захираҳои интернетӣ бо мақсади аксуламал нишон додан ба ҳуҷумҳои иттилоотии ифротгароён. Аз ҷумла, таъсиси портал, сайтҳо блог, форумҳо ва ғайра.
Дар ин замина таъсис додани фазои ягонаи иттилотӣ бар зидди тероризм, ки дар он аз назари илмӣ шарҳу тавзеҳи ҳақиқати тероризм, ки ба ҷомеа зарароавар аст, инъикос ёбад. - Ҷалби ҷомеа дар мубориза бо тероризм ва экстремизм ва таҳлилу барасии пайваста дар байни ҷомеа оид ба ташкилотҳои ифротӣ. Фаъол намудани иштироки шаҳрвандон дар аксияҳои зиддитерористӣ. Аз ҷумла, баргузор намудани интернет-конфренсия бо мақсади барасии масъалаҳои марбут ба экстремизм ва тероризм.
- Дар мактабу донишгоҳҳо пайваста тавассути филмҳои ҳуҷҷатӣ, маърўзаҳои презентатсионӣ ташкил намудани дарс ва вохўриҳо, ки дар натиҷа метавонад як фазои тафаккури зиддитероризм дар байни ҷавонон пайдо шавад.
- Мураттаб сохтани барномаи махсуси машғулияти ҷавонон дар вақти холигии онҳо. Ин масъалаи ниҳоят муҳим буда, чорабиниҳо бояд берун аз қолабҳои анъанавӣ бо ғояҳои нави замонавӣ сурат гирад.
- Таъсиси марказҳои илмӣ-таҳқиқӣ оид ба омўзиши равандҳои ҷомеа, аз ҷумла, масоили зиддитероризм дар муассисаҳои олии таълими кишвар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор