ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Солҳои 2010-2015 дар ҳаёти малакат давраи минбаъдаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди демократия, тақвият ёфтани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ гардид.
Омодагиҳою баргузории ҷашнҳои бузурги 20-солагии
Истиқлолияти давлатӣ, 20-солагии Иҷлосияи таърихии 15- уми Шўрои Олӣ, 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба муттаҳидии ҷомеа дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ ва баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон такони ҷиддие бахшиданд.
Соли 2013 шаҳрвандони мамлакат дар ҷараёни интихоботи озод ва шаффофу демократӣ Раиси муаззами мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфтанд. Ин чунин маъно дорад, ки ормонҳои олӣ ва роҳи пешгирифтаи ҳизби мо, Роҳбари муаззами мо чун пешина ҷавобгўи орзую омол ва хостаҳои дили аксари кулли мардуми кишварамон мебошанд. Соли 2010 мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии маҳаллии шаҳраку деҳот» аввалин маротиба ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пешбарӣ шудани вакилон бошад, тавассути интихобӣ гардонидани боз як зинаи ҳокимияти давлатӣ пояҳои демократии ҷомеаамонро маҳкамтару устувортар намуд.
Барномаи пешазинтихоботие, ки барои давраи мазкур аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мардуми мамлакат манзур гардидаву ҷонибдорӣ ёфт, «Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон» унвон дошт.
Имрўз, бо гузашти панҷ сол аз давраи қабули он мо мебинем, ки иҷрои ҳадафу вазифаҳои муайянкардаи ҳизб воқеан ҳам ба таҳкиму навсозии тавлидот, густариши бахши воқеии иқтисодиёт, ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва раванди созандагиҳои кишвар роҳ кушода, ба ҳамин васила болоравии сатҳи зиндагии шаҳрвандонамонро таъмин гардондаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё