ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Самти асосии сиёсати иқтисодии давлат ба бунёди шароит барои рушди устувори кишвар равона гардида, се ҳадафи муҳими стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ мисли пешина дар меҳвари ҳамаи тадбирҳо ва нақшаву барномаҳои таҳиянамудаву амалишавандаи ҳукуматамон қарор доштанд.
Дар натиҷаи ҳамин таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки то соли 2010 дар аксари мамолики олам доман паҳн карда, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ латмаи шадид ворид сохта буд, дар кишвари мо то ҳадде пешгирӣ гардид ва бо вуҷуди буҳрон афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ нигоҳ дошта шуда, давлат уҳдадориҳои иҷтимоии нисбати шаҳрвандон ба зимма гирифтаашро муваффақона ба ҷо меовард.
Соли 2010 қисми хароҷоти буҷети давлатӣ нахустин маротиба ба буҷети иҷтимоӣ ва буҷети рушд ҷудо карда шуд. Боло рафтани имконоти иқтисодии давлат барои рушд, бешубҳа, падидаи некест, ки аз самарабахшии сиёсати иқтисодӣ башорат медиҳад.
Татбиқи Стратегияи миллии рушд, ки давраи то соли 2015-ро дар бар мегирад, заминаҳоро барои пешрафти устувори иқтисоди миллӣ таҳким бахшиданд. Тараққиёти устувори макроиқтисодӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, танзим ва навсозии тавлидот, таҳкими иқтидорҳои содиротии кишвар, беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва махсусан, соҳибкории хурду миёна, тақвияти неруи инсонӣ, рушди бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумлаи бахшҳое мебошанд, ки дар доираи стратегияи мазкур ва ислоҳоти иқтисодӣ самтҳои фаъолияти Ҳукумати мамлакатро муайян намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё