ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Баробари ин дар панҷ соли гузашта тадбирҳо ҷиҳати мавриди истифода қарор додани манбаъҳои дигари энергия, аз қабили ангишт ва нафту газ, рў овардан ба манбаъҳои алтернативии он - офтобу бод ва пасмондаҳои биологӣ, бунёди зербинои «Иқтисоди сабз»-и аз ҷиҳати экологӣ безарар идома доштанд. Ҳоло чандин сол аст, ки дар 87 кони ояндадори нафту гази қаламрави ҷумҳурӣ 21 ширкати ватанию хориҷӣ ба корҳои ҷустуҷўию иктишофӣ машғуланд, ки ширкатҳои азими байналмилалии «Тотал», «Газпром», «Тетус-Петролиум» ва ширкати миллии нафту гази Чин аз ҳамон ҷумлаанд. Таваҷҷуҳи ин ширкатҳои овозадори ҷаҳонӣ ба захираҳои табиии Тоҷикистон башорат медиҳад, ки моро дар соҳаи нафту газ низ ояндаи умедбахше интизор аст.
Яке аз ҳадафҳои дигари стратегии давлатамон, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давраи сипаришуда дар роҳи он талош варзид, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Роҳҳо на фақат пайвандгарони шаҳру минтақаҳо, сарҳадҳою миллатҳо мебошанд, балки онҳо ҷойҳои нави корӣ, воридоти сармоя, марказҳои нақлиётию логистикии хизматрасониҳои байналмилалӣ, пардохтҳои транзитӣ ба буҷет, фаровонию арзонии бозорҳо низ ҳастанд.
Аз ҳамин лиҳоз, ба имзо расидани қарордод ва оғози корҳо доир ба бунёди роҳи оҳани байналмилалии Тоҷикистон–Афғонистон–Туркманистон, идомаи корҳо дар хатти роҳи оҳани Ваҳдат–Ёвон–Қўрғонтеппа, роҳҳои мошингарди байналмилалии Душанбе–Кўлоб–Хоруғ–Кулма, Душанбе–Турсунзода, Айнӣ–Панҷакент, Восеъ–Ховалинг ҳамасола мавриди таваҷҷуҳи хоси Ҳукумати мамлакат буданд. Дар ин давра нақбҳои Чормағзак ва Шаҳристон сохтаю мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Танҳо соли 2011 доир ба ҳалли мушкилоти нақлиётӣ татбиқи се лоиҳаи нав шурўъ шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё