Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамзамон, ҷиҳати коҳиш додани талафот ва инчунин кам кардани масрафи он тавассути истифодаи технологияҳои нави сарфакунандаи неру тадбирҳо андешида мешаванд.
Соли 2010 дар доираи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ 12 лоиҳаи энергетикӣ мавриди татбиқ қарор дошт, ки ҷалби маблағи умумӣ қариб 3 миллиард сомониро дар бар мегирифт. Дар доираи консепсияи рушди энергетикаи Тоҷикистон маблағгузории пайвастаи соҳа ба роҳ монда шуда, соли 2011 бо ин мақсад 1,8 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст. Ба хотири рафъи танқисии нерўи барқ ва таъмини мунтазами аҳолӣ бо он дар маҳаллаҳои дурдасти кўҳистон давоми солҳои истиқлолият, то охири соли 2013, 310 неругоҳи хурди обӣ бо иқтидори умумии 29 ҳазор КВ/с сохта, ба истифода дода шудааст ва мутобиқи барномаи махсуси марбути ин соҳа барои солҳои 2009 - 2020 бунёди боз 190 нерўгоҳи хурди барқии дигар дар назар дошта шуда, сохтмони 10-тои он ҳоло давом дорад.
Дар айни ҳол лоиҳаи сохтмони неругоҳи азими барқи обии Роғун баъди омўзиши тўлонӣ аз ҷониби ташхисгарони Бонки ҷаҳонӣ баҳои мусбат гирифт ва кор дар ин ҷо суръат гирифта истодааст. Ҷиҳати кашидани хатти баландшиддати барқи «КАСА-1000» аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон барои содироти нерўи барқи изофии кишварҳои номбурда созишномаи байналмилалӣ ба имзо расида, татбиқи лоиҳаи мазкур соли равон оғоз мешавад. Ин имкон медиҳад, ки мо барқи барзиёди фасли тобистонамонро ба фурўш гузошта, воридоти маблағро ба буҷа афзунтар гардонем.

пешина
аз 601
навбатӣ