Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Рушди шабакаи муассисаҳои тарбияи томактабии атфол, кўдакистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, афзун сохтани маблағгузорӣ ва ҷустуҷўи роҳҳои ҷалби маблағҳои иловагӣ ба соҳа аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки давраи номбурда Ҳукумати мамлакат талошҳои худро ба ҳалли онҳо равона намуда буд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ ба ин бахши зиндагии мо такони ҷиддӣ бахшид.
Таъсиси Маркази миллии тестӣ бошад, тавассути ба роҳ мондани низоми ягонаи қабули довталабон ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ бояд сатҳи омодасозии мутахассисони ҷавонро дар кишварамон таҳким бахшида, шаффофият ва рафъи омилҳои коррупсиониро дар зимни қабули афроди арзандаи таҳсил дар ин таълимгоҳҳо таъмин гардонад.
Дар кишвар баробари дигар соҳаҳо, ҳамчунин, маблағгузории соҳаи илм сол ба сол зиёд гардида, фаъолияти кормандони соҳа ба татбиқи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2010- 2015», «Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоту саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» рушди инноватсионии илм, таҳияи технологияҳои барои иқтисоди ҷумҳурӣ зарурӣ, таҳқиқоти нав дар самтҳои мураккаби улуми бунёдӣ, тайёр намудани кадрҳои ҷавони соҳа равона гардида буд.
Фаъолияти соҳаи тандурустии кишвар бошад, татбиқи нақшаву стратегияҳои қабулшуда дар мавриди ҳифзи саломатии аҳолӣ, таҷдиди кори муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, тадбирҷўиҳо ҷиҳати ба ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, махсусан аҳолии камбизоат дастрас кардани он, ворид намудани техникаву технологияҳои муосири ташхису табобат, кўшишҳо доир ба рафъи танқисии кадрҳои тиббӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирифт.

пешина
аз 601
навбатӣ