ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Фарҳанг, ҳамчун яке аз василаҳои муассири ташаккули худшиносии миллӣ, ватандўстӣ ва худогоҳию ваҳдати миллӣ, дар рушди маънавии ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон мақоми бештарро касб карда истодааст, ки натиҷаи сиёсати пайгиронаи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба пешрафти ҳамаҷонибаи ин соҳаи муҳим, таҳия ва амалигардонии барномаҳои рушди бахшҳои ҷудогонаи он дар давраи зикршуда мебошад.
Аз ҷониби СММ мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни бостонии Наврўзи Аҷам дар соли 2010 яке аз рўйдодҳои намоёни фарҳангии ин давра маҳсуб мешавад, ки он ҷиҳати ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги тоҷикон нақши бузурге хоҳад бозид.
ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ СУДӢ, ТАДБИРҲОИ
ИЛОВАГИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
Тамоми фаъолияти Ҳукумати мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон,
ки барои давлати мо арзиши олӣ доранд, бахшида шудааст. Суд, прокуратура, милитсия, дигар сохторҳои қудратӣ мақомотеанд, ки ин ҳуқуқу озодиҳоро ҳар яке дар ҷанбаи хеш таъмин ва муҳофизат мекунанд. Бинобар ҳамин
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давраи зикршуда ҳам тавассути намояндагонаш дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба тақвияти кор, баланд бардоштани сатҳи
касбӣ, сифатҳои маънавию ахлоқии ходимони ниҳодҳои
мазкур ва пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ
дар ин сохторҳо эътибори ҷиддӣ медод. Аз ҷумла дар ин
миён чанд дафъа мутобиқи барномаҳои давра ба давраи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ мақомоти мазкур такмили сохтор карда, мустақилияту масъулияташон барои баровардани ҳукмҳои қонунию одилона таҳким ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё