Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳар яке бар заминаи имрўз, ба он имконоте, ки мардуми мо, сарзамини муқаддаси мо дар ниҳодашон доранд, такя мекунанд. Ва албатта, мисли барномаҳои пешинаи мо иҷро мешаванд. Агар ин барнома ба мардум писанд биояд, агар онҳо ин бор ҳам дар рўзи интихобот ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои он барои вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ овоз диҳанд, он бечунучаро амалӣ карда мешавад.
Барнома «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» унвон дорад. Ин шиори мо, мағзи ҳамаи кору тадбирҳои нияткардаи мо дар панҷ соли оянда мешавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ минбаъд ҳам нигоҳ хоҳад дошт ва барои тараққиёти ҳамаҷонибаи кишвар тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ хоҳад кард.
Барномаи пешазинтихоботии мазкур аз он мақсадҳое сарчашма мегирад, ки дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муқаррар шудаанд. Он вазифаи ҳар як узви ҳизби моро барои таъмини рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат муайян мекунад.
Ҳадафҳои мо аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд ва ҳизб тавассути ширкат дар рушди кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити созгори зиндагӣ фароҳам меорад.
Мо ҷиҳатҳои мусбати таҷрибаи пешинаро ба роҳбарӣ гирифта, бо дарназардошти натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, татбиқи стратегияи миллии рушд то соли 2015 ва истифодаи дигар имкониятҳои бузурги захиравӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тамоми неруи худро равона месозем.

пешина
аз 601
навбатӣ