Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамаи ин ҷаҳду талошҳо табиист, ки барои муаррифии Тоҷикистон, тамаддуни баланди миллати тоҷик хиради азалии он, обрў ва мақому манзалати он равона гардидааст. Дар ҳамин доира СММ ташаббуси навбатии Тоҷикистонро маъқул дониста, соли 2013-ро соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кард, ки ба таҳкими мавқеи байналмилалии кишвари мо мусоидат карда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро боз як бори дигар ба ҳалли таъхирнопазири мушкилоти марбути об ҷалб сохт.
Ҳамин аст мухтасари он бунёдкориҳо, иқдомоту ибтикороти бузург, ки дар кишварамон давоми панҷ соли охир, тавассути татбиқи барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба анҷом расиданд.
Аммо ин дастовардҳо фақат маҳсули заҳмати мо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нестанд. Онҳо фақат маҳсули заҳмати ҳизбиёни мо ҳам нестанд, ки давоми ин панҷ сол шарафи вакилии шумо, интихобкунандагони азизро дар мақомоти намояндагии кишвар ба зимма доштанд. Балки ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳар як пиру ҷавони мамлакат мебошанд. Мо ҳамватанони азизро барои ин ҷонибдорӣ ба хотири ободии ватани азизамон аз сидқи дил ташаккур мегўем.
Барномаи нав: «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!»
Акнун дар бораи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои давраи нави рушди мамлакат, барои панҷ соли оянда пешбинӣ шудааст, ба таври мухтасар маълумот медиҳем. Он ниятҳое, ки дар ин барнома оварда шудаанд, он нақшаҳое, ки пешниҳод мешаванд, гапҳои ҳавоӣ нестанд.

пешина
аз 601
навбатӣ