Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ин ҷода мо барои намояндагони ҳамаи гурўҳҳои ҷомеа таъмин намудани дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, аз ҷумла, олӣ, тақвияти минбаъдаи мақоми омўзгор ва мунтазам баланд бардоштани маошу таъминоти иҷтимоии онҳо, рушди муассисаҳои гуногуни томактабӣ, ҷалби бахши хусусӣ ба ин соҳаи кор, таҳкими таъминоти моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҷдиди барномаҳои таълимӣ, таъсиси марказҳои таълимию истеҳсолӣ, таъмини дастрасии мактабҳо ба интернет, таҳкими фаъолияти литсейу колеҷҳои касбӣ ва амсоли инҳоро вазифаҳои муҳими ҳизб ва давлатамон мешуморем.
Таҷдиду бозсозии муассисаҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани ҷойгоҳи онҳо дар рўзгори мардум, мутобиқсозии фаъолияташон ба талаботи замони нав, такмили сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг ва гузариши тадриҷии муассисаҳои соҳа ба низоми худтаъминкунӣ, ташаккули муҳити сифатан нави маънавӣ дар ҷомеа, таҳкими низоми тарбияи зебоипарастии ҷавонону наврасон, омодасозӣ ва боло бурдани сатҳи касбии мутахассисони фарҳанг, танзими масъалаҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотӣ дар китобдорӣ аз ҷумлаи иқдомоти пешбиникардаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бахши фарҳангии ҳаёти ҷомеаамон барои давраи оянда мебошанд.
Ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳизби мо ҳамаи иқдомоти неки пешгирифтаи солҳои охирро давом дода, таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби хонандагони болаёқат ба таълимгоҳҳои махсусонида, дастрасии ҷавонон ба грантҳо барои марказҳои ҷавонон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, таъсиси махзани захираҳои кадрии ҷавонони болаёқат дар назди мақомоти ваколатдори давлатии ҷавонон, дастгирии соҳибкории истеҳсолии ҷавонон тавассути ҳавасмандсозию грантҳо барин мақсадҳои мушаххасро барои давраи минбаъда пешбинӣ кардааст.

пешина
аз 601
навбатӣ