ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Соҳаҳои варзишу сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори кишварамон буда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи онҳо ниятҳои зиёдеро амалӣ карданист.
Ҳамчунин, таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, мустаҳкам сохтани пояҳои оиладорӣ, ҳифзи саломатии модару кўдак, пешгирии хушунати оилавӣ мисли пешина дар ҷумлаи иқдомҳои умдаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.
Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд қонун асоси ҳама гуна низом ва рушди давлат ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузорирро минбаъд низ давом дода, ба он талош меварзад, то маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон густариш ёфта, қонун ба меъёри зиндагии ҳар як сокини мамлакат табдил гардад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои он кўшиш ба харҷ медиҳад, ки рушди низоми қонунгузории кишвар дар доираи талаботи барои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пешбинишуда, бо назардошти манфиатҳои шаҳрвандон, арзишҳои миллию байналмилалӣ, ки маҳаки онро ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил медиҳад, пеш равад. Дар ҷараёни қабули қонунҳо ба ҳимояи манфиати табақахои ниёзманд, нафақахўрон, маъюбон ва мактаббачагону донишҷўён эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Ҷанбаъҳои адолат ва башардўстиро дар мадди аввал мегузорад. Инъикоси фаъолияти парламентро тавассути воситаҳои ахбори омма амри муҳим мешуморад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё