ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва пайванди он бо иқтисоди ҷаҳонӣ, таъмини шароити озодонаи фаъолияти иқтисодӣ қонунгузории марбутро мунтазам такмил медиҳад. Қабули қонунҳоро вобаста ба тақвияти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир вусъат бахшида, амнияту суботи кишварро таъмин месозад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин, дар робита бо ин масъала боз як силсила иқдомҳои муҳиму мушаххаси хешро дар амал татбиқ карданист.
Ҳамин аст муҳтавои барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки мо мехоҳем онро дар панҷ соли оянда, дар сурати сазовор шудан ба бовари шумо ва оғози фаъолиятамон дар парламенту дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ гардонем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути руйхати ягонаи ҳизбӣ барои интихобот дар доираи ҳавзаи ягонаи умумҷумҳуриявӣ 27 намояндаи хешро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Ҳамчунин ҳазорҳо нафар номзадҳои мо барои вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба воситаи ҳавзаҳои якмандатаи интихоботӣ ва барои вакили маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вакилии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар пешбарӣ шудаанд. Ҳамаи онҳо шахсони дар ҷомеа соҳибобру, дар пешаашон босалоҳият, ватандўст мебошанд ва рафтору ахлоқи писандида доранд.
Фақат ҳаминро мегўем, ки дар миёни 27 нафар номзадҳои ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳодшудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 11 нафарашон зан ҳастанд, ҳамаашон маълумоти олӣ доранд. Дар байнашон 5 нафар унвони доктор ва 6 нафар номзади илмро доранд. Аксар таҷрибаи зиёди сарварӣ, донишҳои ҳозиразамон доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё