ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
ШЕВАИ ТАБЛИҒИ ХУДРО ДИГАР КАРДЕМ
Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори радиои «Озодӣ бо Саидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократӣ ва собиқ мушовири Президенти Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода аз зумраи афроди собиқадор дар тими раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ў ҳанўз дар овони президентии Раҳмон Набиев дар ибтидои солҳои 90 ба идораи раёсат ҷумҳурӣ ба кор омад ва тайи беш аз 20 сол дар ин идора аз ҷумлаи ёварони наздики раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар анҷумани моҳи декабрӣ Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки раҳбариашро низ президент Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад, Саидмурод Фаттоҳзода муовини аввали Раиси ҳизб интихоб шуд ва ҳоло барои бори аввал ба ин ҳайс раҳбарии Ситоди интихоботии ҳизби ҳокимро бар уҳда дорад.
- Шумо ду даҳсола аз мушовирони Раисиҷумҳур будед ва ба назар мерасид, ки Президент ба Шумо эътимод дорад.
Чаро Шумо аз мақоме, ки хеле муҳим буд, рафтед? - Албатта, дар симати мушовири Президент чанд муддат кор кардам, вале дар ҳамон давра ҳам аз ҳизб дурӣ надоштам. Ба ин хотир, ки дар саргаҳи таъсиси ҳизб мо қарор доштем ва ҳамеша аз кору фаъолияти он огоҳӣ доштем.
Моҳи декабр дар анҷумане, ки барномаи пешазинтихоботии ҳизби мо муаррифӣ шуд, роҳбарияти сиёсии ҳизб, бевосита раҳбари ҳизби мо ва худи аъзои ҳизб маро ба ин вазифа сазовор донистанд. Чун моро лоиқ донистанд, мо қабул кардем. Ин барои ман бисёр як шарафи бузург буд, ки муовини аввали Раиси Ҳизби Халқӣ-Демократӣ шавам. - Ҳамин гуна маълумоте ҳам буд, ки ҳизби Шумо бояд дар заминаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон бунёд мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё