ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданЧаро ин тарҳ татбиқ нашуд?
- Дар ҳамон шабу рўз дар фазои афкори ҷомеаи мо нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ бисёр назари манфӣ вуҷуд дошт.
Шояд аз ҳизбҳои сиёсӣ таъсири худро танҳо ҳизби коммунист то як андоза нигоҳ дошта буд ва ҳамон вақт, чӣ тавре ки Раҳбари давлат, Раҳбари ҳизби мо дар анҷумани Ҳизби Халқии Демократӣ, даъвати 12-ум изҳор намуд, бисёриҳо аз ҳисоби ветеранҳо, аз ҳисоби собиқ коммунистон, ки он давра дар сохторҳои ҳукуматӣ кор мекарданд, пешниҳод намуда буданд, то номи ҳизби коммунистро дигар карда, ин ҳизбро такягоҳи идеологии ҳукумат кунанд. Вале Сарвари давлат инро напазируфтанд ва гуфтанд, не, мо ба ин роҳ намеравем. Мо бояд як ҳизби нав таъсис диҳем. Азбаски мо ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ месозем, бояд ин ҳизб дар доираи ҳамин арзишҳо амал намояд. Бо супориши Роҳбари давлат, шахсиятҳои барҷастаи мо ба таъсиси ин ҳизб шурўъ намуданд. - Баъзе ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бар инанд, ки дар маъракаи пешазинтихоботии соли ҷорӣ барои ҲХДТ шароиту имконоти бештару хубтар фароҳам шудааст ва ҳизбҳои дигар дар канори саҳнаи сиёсӣ мондаанд. Шумо ба ин чӣ мегўед?
- Гумон мекунам, шароит барои ҳамаи ҳизбҳо як хел ба вуҷуд оварда шудааст, чунки мо ҳама дар доираи тартибу мақоме, ки Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ муайян кардааст, амал мекунем. Аз вақту соате, ки дар телевизионҳо ба мо ҷудо шудааст, то вохўриҳо дар ҳавзаҳо як хел аст. Лекин сухан дар бораи дигар чиз меравад, ки ҳизбҳо кадом тактикаву стратегияро интихоб кардаанд.
Масалан, ҳизби мо шеваи таблиғи худро дар ин интихобот дигар кард. Мо аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз паёмакҳои телефонӣ бо паҳн кардани аҳдофи ҳизб васеъ истифода мебарем. Ҳоло мебинам, ки баъзе аз ҳизбҳо шиору шеваи кори моро истифода мекунанд, ки мо ба ин зид нестем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё