Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Менеҷмент – ин намуди фаъолияти мустақили профессионали барои ба даст овардани мақсадҳои гузошташуда бо истифодаи самаранокии захираҳои материалию меҳнатӣ дар асоси принсипҳо, вазифаҳо ва усулҳои механизми иқтисоди дар шароити бозор мебошад.
Менеҷмент – идоракуни дар шароити бозор, иқтисоди бозоргони буда моҳиятҳои зеринро нишон медиҳад:
муайянкунии фирма эҳтиёҷ ва талаботҳои бозорро, дархостҳои мушахаси истеъмолкунандагонро ва ташкили истеҳсоли он намуди маҳсулотеро, ки талаботаш зиёд аст ва метавонад ба фирма фоидаи банақшагирифтаашро биёрад; ҷидду ҷахди доими барои самаранок баланд бардоштани истеҳсолот, барои ба даст овардани натиҷаҳои оптимали бо ҳароҷотҳои ҳарчи камтар; фаъолияти мустақили хоҷагидорӣ, ки озодии қабули қарорҳоро барои он шахсоне, ки аз натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти фирма ҷавобгаранд таъмин мекунад; ислоҳи доимии мақсадҳо ва барномаҳо вобаста аз ҳолати бозор; муайян намудани натиҷаи ниҳоии фаъолияти фирма дар бозор дар ҷараёни мубодила; зарурияти истифодаи базаи ахборотии ҳозиразамон бо техникаи компютери барои ҳисобҳои бихсёрварианта ҳангоми қабули қарорҳои асоснок ва оптимаӣ. Истилоҳи «менеҷмент» умуман ҳаммаънои истилоҳи «идоракунӣ»
мебошад, синоними он, лекин на ба маънои томаш.
Интихоби мақсадҳо ва стратегияи тараққиёти корхона.
Кор карда баромадани сиёсати иқтисодии фирма ва стратегияи тараққиёти онро дар ояндаи дур ва наздик вобаста аз шароитҳои потенсиалии фирма ва таъминоти он бо захираҳои заруриро дар назар дорад.
Мақсадҳои фирма консепсияи тараққиети он ва самтҳои асосии фаъолияташро муайян мекунанд, зеро мақоли халқи мегуяд: «Барои командаи киштие, ки ба куҷо шино карданашро намедонад, боди мувофиқ намевазад».
Мақсадҳо – ин ҳолати конкретии тавсифотҳои алоҳидаи ташкилот мебошад, ки ба даст овардани онҳо барои корхона дилхоҳ ва фаъолияти корхона ба ҳамин нигаронида шудааст.
Аҳамияти мақсадҳоро барои корхона аз будаш зиёд қадр кардан номумкин аст. Онҳо нуқтаи ибтидоии банақшагирӣ мебошанд; мақсадҳо асоси муносибатҳои ташкилиро дар бар мегиранд; системаи ҳавасмандгардоние, ки дар корхонаҳо истифода мешавад, аз мақсадҳо асос мегирад; мақсадҳо дар ҷараени назорат ва баҳодиҳии натиҷаҳои меҳнати коргарони алоҳида, подразделенияҳо ва умуман корхона пурра нуқтаи сарҳисоб мебошанд.

пешина
аз 164
навбатӣ