Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Кишоварзӣ
Аз аввал хонданАз рўи нуқтаи назари қабулшуда вобаста аз он, ки барои ба даст овардан чи қадар вақт сарф мешавад ду шакли мақсадҳо мавҷуданд. Инҳо дарозмўҳлат ва кўтоҳмўҳлат. Баъзан дар ҳолатҳои зарури инчунин мақсадҳои мобайниро муайян мекунанд, ки мақсадҳои миёнамўҳлат номида мешаванд.
Дар корхонаҳои тиҷоратӣ намудҳои нисбатан паҳншудаи мақсадҳо инҳоянд:
- фоиданокӣ, ки дар нишондиҳандаҳои фоида, даромаднокӣ ва ғ. инъикос меёбанд;
- мавқеъи корхона дар бозор, ки чунин нишондиҳандаҳоро дар бар мегирад, ба монанди ҳиссаи бозор, ҳаҷми фурўш, ҳиссаи маҳсулотҳои алоҳида дар ҳаҷми умумии фурўш ва ғ.;
- маҳсулнокӣ, ки ҳароҷотҳо ба як воҳиди маҳсулот, имконияти материалҳо, ҳаҷми маҳсулоте, ки дар як воҳиди вақт истеҳсол шудааст ва ғайраҳоро тавсиф мекунад;
- захираҳои молияви, ки сохтори сармоя, ҳаракати пулро дар корхона, ҳаҷми сармояи гардон ва ғайраҳоро нишон медиҳад;
- захираҳои меҳнати, ки бо ёрии чунин нишондиҳандаҳо тавсиф мешаванд, ба монанди миқдори ба кор набаромадан, аз корравии кадрҳо, баланд бардоштани савияи дониши коркунон ва ғайраҳо.
Усулҳои идоракунӣ
Усулҳои идоракунӣ – ин системаи роҳҳои таъсири субъекти идоракунӣ ба объекти идоракунӣ барои ноил шудан ба натиҷаҳои муайян мебошад. Барои он ки ба натиҷа ноил шавад менеҷерро лозим аст, ки нисбати зердастон ва иҷрои уҳдадориҳои худ муносибати эҷодкорона намояд. Одамро барои чизе, ки мувофиқи табъи роҳбар аст ҳама вақт маҷбур сохтан лозим нест ва бинобар ҳамин чунин фишангҳои таъсиррасонро ҷустан лозим аст, ки ҳавасмандии коргарро ифода кунанд.
Нисбати таснифи усулҳои идоракуни якчанд нуқтаи назар мавҷуд аст. Лекин нисбати шахс ва коллектив танҳо он воситаҳоеро истифода намудан лозим аст, ки ба ҳавасмандии онҳо дахл дошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё