Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Бинобар ҳамин, таснифи усулҳои вобаста аз мундариҷаашон диққатҷалбкунанда мебошад:
иқтисодӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ – психологӣ. Асоси ин таснифотро сабабҳои водоркунандаи коргарон ба меҳнат, талаботҳо ва ҳавасмандиҳои онҳо ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин нишондиҳандаҳо рафтори одамонро муайян мекунанд.
Таъсиррасониҳои иқтисоди асосан ба истифодаи ҳавасмандиҳои иқтисоди ва пеш аз ҳама ҳавасмандиҳои материали нигаронида шудаанд.
Ҳавасмандиҳои материалии одамон бо роҳи мукофотонидани материали барои миқдор ва сифати меҳнат қонеъ гардонида мешавад. Агар сатҳи нишондиҳандаҳои муайяншуда иҷро нашавад, пас коргар аз ҷиҳати материали ҷазо гирифтанашон мумкин. Фишангҳои асосии иқтисодӣ – музди меҳнат, мукофот ва ҳавасмандгардониҳои материали мебошанд.
Таъсиррасониҳои ташкилию-маъмурӣ аз тарафи роҳбарон истифодаи ҳокимият, масъулияти зердастон ва бунёди низоми муносибатҳои ташкилиро дар назар дорад, кӣ, чӣ, кай ва чӣ хел иҷро намудани ҳар як коргарро аниқ муайян мекунад.
Ташкили дурусти истеҳсолот, меҳнат ва идоракунӣ танҳо бо таъсиррасонихои иқтисоди ва иҷтимоию-психологӣ таъмин карда намешавад. Боз таъсиррасонихои маъмури низ лозиманд, ки аз принципи тобеъияти иҷрокунандагон бо роҳбарон асос меёбад.
Маҷмўъи воситаҳои маҷбурии таъсирнок барои иҷрои вазифаҳои дар назди коллктивҳои меҳнати буда, ки аз тарафи органҳои болоистода ва роҳбарони алоҳида вобаста аз ваколаташон гузошта мешаванд маънои усулҳои маъмурии менеҷментро ташкил медиҳанд.
Таъсиррасониҳои иҷтимоӣ - психологӣ дар асоси ҳавасмандиҳои рўҳӣ, инчунин омилҳои маънавӣ, ки ақидаи атрофиён нисбати шахс, дар ў будани ҳисси рафиқӣ, ёрдами ҳамдигар дараҷаи шуурноки ва ғайраро дар бар мегирад, сохта мешаванд.
Ба ғайр аз ҳавасмандиҳои модди одамон инчунин ба ҳавасмандиҳои маънавӣ, оилавӣ, миллӣ ва ғ. эҳтиёҷ доранд.
Ҳар як инсон дар қатори талаботҳои физиологи ва материали боз ба талаботҳои характери иҷтимоӣ дошта эҳтиёҷ дорад, ин ба воситаи муомилаҳо бо дигар одамон, ҳурмату эҳтиром, муайян намудани мавқеъи худ дар коллектив ва ғ.
инъикос меёбад. Ин муносибатҳо дар оила, байни дўстон ва рафиўон, коллективи меҳнати ба амал омада ба кайфиати ҳолати вокеъин одамон ва маҳсулнокии меҳнати онҳо таъсири ҷидди мерасонад.

пешина
аз 164
навбатӣ