Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҳангоми интихоби стратегия он чиро дар назар доштан лозим аст, ки стратегияҳои нав чи дар соҳаҳои анъанавӣ ва чи дар соҳаҳои нави бизнес бояд ба потенсиали ғун намудаи фирма мувофиқат кунанд.
Идоракунии истеҳсолот.
Идоракунии тараққиёти истеҳсолот – ин танзими бошууронаи ҷараёни истеҳсолот бо мақсади баланд бардоштани самаранокии он, бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва беҳтар намудани сифати маҳсулот мебошад.
Ҳар як молистеҳсолкунанда (мисол, фермер) барои ба даст овардани натиҷаҳои нисбатан баланди фаъолият кўшишу ғайрат мекунад, чунки аз натиҷаҳои кори роҳбар натиҷаи ниҳоии фаъолияти тамоми коллектив вобаста аст.
Мақсади асосии идоракуни аз он иборат аст, ки фаъолияти ратсионалии подразделенияҳои истеҳсолиро аз ҳисоби роҳбарии болои бо роҳҳои ташкили системаҳои ахбории мутобиқшуда таъмин кунад. Мақсадҳо, асоси ҳамагуна фаъолиятро дар соҳаи идоракунии истеҳсолот ташкил дода, усули гузоштани вазифа, кор карда баромадани стратегия ва тактикаи (роҳи) қарорро муайян мекунанд.
Роҳбарони сатҳҳои гуногуни идоракунӣ вобаста аз вазифаи ишғол кардаашон бояд донишу малакаи профессионали (касби) дошта бошанд. Барои ин расми овардашуда мисол шуда метавонад.
Ҳангоми қабули қарор оиди интихоби мақсадҳои истеҳсолот пеш аз ҳама тарафхои афзалиятноки онҳоро нисбати мақсади асоси муайян мекунанд ва чораҳои муносибро кор карда мебароянд. Агар фермер оиди истеҳсоли ин ё он намуди маҳсулоти кишоварзи қарор қабул кунад, пас дар навбати аввал ўро лозим меояд, ки бо назардошти як қатор омилҳои таъсиркунанда намуди маҳсулотро интихоб кунад. Ин омилҳо инҳоянд:

  • шароитҳои иқлимию-табиӣ;
  • гузаронидани тадқиқотҳои маркетинги;
  • омилҳои ба истеъмолкунанда таъсиркунанда (сатҳи маданиятноки, анъанахо, ҳолати иқтисоди, мавқеъ, оила ва ғ.ҳ.).
    Идоракунии хатарҳо (тавакал) Хатар – ин эҳтимолияти пайдо шудани зарарҳо ё паст шудани даромадҳо нисбати варианти пешбинишуда мебошад.
пешина
аз 164
навбатӣ